https://sputnik.tj/20211216/tolibon-saforat-afghoniston-dushanbe-mablagh-1044196394.html
Толибон "саҳван" ба сафорати Афғонистон дар Душанбе маблағи калон гузаронидаанд
Толибон "саҳван" ба сафорати Афғонистон дар Душанбе маблағи калон гузаронидаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти нави афғон ҳудуди наздик ба 800 ҳазор долларро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол додаанд ва тавре маълум шуд, иштибоҳан
2021-12-16T15:40+0500
2021-12-16T15:40+0500
2021-12-16T18:47+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
афғонистон
толибон
сафорат
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620367_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_7b6545534836df072d99132cfc14d762.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳукумати толибон ба ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳудуди 785 ҳазору 628 доллар интиқол додааст. Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Тибқи нақша, маблағи мазкур мебоист барои бунёди мактаб барои муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат сарф мешуд. Ин тасмимро Ашраф Ғанӣ, президенти пешини Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Душанбе дар моҳи марти соли 2021 гирифта буд. Пас аз ин Ғанӣ ба Вазорати молия дастур додааст, ки барои сохтмони ин мактаб ҳудуди 800 ҳазор доллар ҷудо кунад.Кобул мебоист пулро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон интиқол медод, аммо пас аз рӯйдодҳои моҳи август, ба эҳтимоли зиёд, пул дар суратҳисобҳои Вазорати молия бо нишон додани мухотаб барои интиқол боқӣ мондааст. Бо вуҷуди сабабҳои номаълум мақомоти нав ин маблағро ба мухотаб интиқол доданд ва дар авохири моҳи ноябр Вазорати хориҷаи ин кишвар ба сафорати Афғонистон дар Душанбе дархост ирсол карда, баргардонидани тамоми маблағро тақозо кардааст. Аммо намояндагӣ посух додааст, ки наметавонанд пулро ба толибон баргардонанд, зеро на сафорат ва на ҷаҳон ваколати онҳоро эътироф накардаанд. Илова бар ин аллакай барои эҳтиёҷоти сафорат бештари ин маблағ сарф шудааст.
https://sputnik.tj/20211216/homid-kayzay-tolibonro-kobul-davat-1044188683.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620367_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_3e7ccc7f1eb18625b482c7ee12a391c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон "саҳван" сафорат афғонистон душанбе маблағи
толибон "саҳван" сафорат афғонистон душанбе маблағи
Толибон "саҳван" ба сафорати Афғонистон дар Душанбе маблағи калон гузаронидаанд
15:40 16.12.2021 (Навсозишуда: 18:47 16.12.2021) Мақомоти нави Афғонистон ҳудуди наздик ба 800 ҳазор долларро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол додаанд. Ин кор саҳван сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳукумати толибон ба ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳудуди 785 ҳазору 628 доллар интиқол додааст. Дар ин бора як манбаи
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи нақша, маблағи мазкур мебоист барои бунёди мактаб барои муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат сарф мешуд.
Ин тасмимро Ашраф Ғанӣ, президенти пешини Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Душанбе дар моҳи марти соли 2021 гирифта буд.
Пас аз ин Ғанӣ ба Вазорати молия дастур додааст, ки барои сохтмони ин мактаб ҳудуди 800 ҳазор доллар ҷудо кунад.
Кобул мебоист пулро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон интиқол медод, аммо пас аз рӯйдодҳои моҳи август, ба эҳтимоли зиёд, пул дар суратҳисобҳои Вазорати молия бо нишон додани мухотаб барои интиқол боқӣ мондааст.
Бо вуҷуди сабабҳои номаълум мақомоти нав ин маблағро ба мухотаб интиқол доданд ва дар авохири моҳи ноябр Вазорати хориҷаи ин кишвар ба сафорати Афғонистон дар Душанбе дархост ирсол карда, баргардонидани тамоми маблағро тақозо кардааст.
Аммо намояндагӣ посух додааст, ки наметавонанд пулро ба толибон баргардонанд, зеро на сафорат ва на ҷаҳон ваколати онҳоро эътироф накардаанд. Илова бар ин аллакай барои эҳтиёҷоти сафорат бештари ин маблағ сарф шудааст.