https://sputnik.tj/20211216/somoni-bmt-rubl-dollar-evroro-1044187185.html
Сомонӣ устувор мешавад: БМТ арзиши рублу доллар ва евроро эълон кард
Сомонӣ устувор мешавад: БМТ арзиши рублу доллар ва евроро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши асъори русӣ ва аврупоӣ дар баробари сомнӣ поин рафта, аммо доллар устувор аст
2021-12-16T09:37+0500
2021-12-16T09:37+0500
2021-12-16T09:38+0500
иқтисод
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_0:171:3033:1877_1920x0_80_0_0_3935f7307290c9846ca5db35a7ec9037.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондод, пули миллӣ каме тақвият ёфтааст.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 152.8 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 153.3 сомонӣ медоданд.Арзиши асъори аврупоӣ низ поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7340 сомонӣ қимат дорад. Як рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7877 сомонӣ медоданд.Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2980 сомонӣ аст.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211126/iqtisoddon-koronavirus-dollar-1043784176.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_b6a44af48e8fb73a118e8c88adc6fa11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сомонӣ бмт рубл доллар евроро
сомонӣ бмт рубл доллар евроро
Сомонӣ устувор мешавад: БМТ арзиши рублу доллар ва евроро эълон кард
09:37 16.12.2021 (Навсозишуда: 09:38 16.12.2021) Арзиши асъори русӣ ва аврупоӣ дар баробари сомнӣ поин рафта, аммо доллар устувор аст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондод, пули миллӣ каме тақвият ёфтааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 152.8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 153.3 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7340 сомонӣ қимат дорад. Як рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7877 сомонӣ медоданд.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2980 сомонӣ аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2980 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7340 то 12.9100 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1528то 0.1540 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.