https://sputnik.tj/20211216/myasnikov-roh-piruzi-bar-omikron-1044194729.html
Мясников роҳи ягонаи пирӯзӣ бар омикронро ошкор кард
Мясников роҳи ягонаи пирӯзӣ бар омикронро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Пизишки рус Мясников ба мардум маслиҳат дод, ки ҳама - ҳам беморон ва ҳам онҳое, ки қаблан ваксина гирифтаанд, дубора моякубӣ кунанд
2021-12-16T15:05+0500
2021-12-16T15:05+0500
2021-12-16T17:29+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_0:62:1200:737_1920x0_80_0_0_f881861cc8f4df50030fa71d33622619.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Духтур ва барандаи телевизиони рус Александр Мясников гуфт, ҳамаи онҳое, ки бемор буданд ва зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, бояд на дертар аз шаш моҳ пас дубора моякубӣ шаванд. Ба гуфти ӯ, барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии шиддати омикрон чунин тадбирҳо заруранд. Ба гуфтаи ин пизишк, дар акси ҳол омикронро боздоштан мумкин нест. Мясников барои такроран гирифтани ваксина тавсия дод, ки аз доруи "Спутник лайт" истифода шавад. Қаблан вирусшиносони чинӣ гуфта буданд, омикрон нисбат ба штамми делтаи коронавирус 70 баробар тезтар паҳн мешавад. Штамми нав дар шохаҳои нафаскашӣ паҳн шуда, шуши одамро сироят мекунад. Аммо маълум шуд, ки дараҷаи осеби шуш бо омикрон нисбат ба версияи аслии коронавирус даҳ баробар камтар аст. Ёдовар мешавем, ки дар бораи кашфи штамми нави коронавирус олимони бритониёӣ дар охири моҳи ноябри соли 2021 хабар дода буданд. Баъдан, он номи омикронро гирифт. Штамми делта B.1.617.2, ки бори аввал дар Ҳиндустон соли гузашта кашф шуда буд, ҳоло дар бисёре аз иёлатҳо бартарӣ дорад, аммо олимон эътироф мекунанд, ки онро омикрон иваз хоҳад кард. Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?Тибқи маълумоти СҶБ, штамми омикрон дар 77 кишвари ҷаҳон муайян шудааст ва эҳтимол дорад, ки версияи нави коронавирус боиси афзоиши шумори сирояту фавтҳо аз COVID-19 шавад. Инчунин қайд карда мешавад, ки шумораи гирифторон дар ҳар 2-3 рӯз ду баробар меафзояд.
https://sputnik.tj/20211215/omikron-delta-teztar-siroyat-1044175954.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_2356cad517a531903205794864de2b7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон, коронавирус., русия, мясников
омикрон, коронавирус., русия, мясников
Мясников роҳи ягонаи пирӯзӣ бар омикронро ошкор кард
15:05 16.12.2021 (Навсозишуда: 17:29 16.12.2021) Пизишки рус Мясников ба мардум маслиҳат дод, ки ҳама - ҳам беморон ва ҳам онҳое, ки қаблан ваксина гирифтаанд, дубора моякубӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Духтур ва барандаи телевизиони рус Александр Мясников гуфт, ҳамаи онҳое, ки бемор буданд ва зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, бояд на дертар аз шаш моҳ пас дубора моякубӣ шаванд.
Ба гуфти ӯ, барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии шиддати омикрон чунин тадбирҳо заруранд.
"Фарқ надорад, ки шумо бемор шудед ё ваксина гирифтаед. Шумо бояд на дертар аз шаш моҳ пас дубора моякубӣ шавед", - навиштааст табиб дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Ба гуфтаи ин пизишк, дар акси ҳол омикронро боздоштан мумкин нест. Мясников барои такроран гирифтани ваксина тавсия дод, ки аз доруи "Спутник лайт" истифода шавад.
Қаблан вирусшиносони чинӣ гуфта буданд, омикрон нисбат ба штамми делтаи коронавирус 70 баробар тезтар паҳн мешавад. Штамми нав дар шохаҳои нафаскашӣ паҳн шуда, шуши одамро сироят мекунад.
Аммо маълум шуд, ки дараҷаи осеби шуш бо омикрон нисбат ба версияи аслии коронавирус даҳ баробар камтар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи кашфи штамми нави коронавирус олимони бритониёӣ дар охири моҳи ноябри соли 2021 хабар дода буданд.
Баъдан, он номи омикронро гирифт. Штамми делта B.1.617.2, ки бори аввал дар Ҳиндустон соли гузашта кашф шуда буд, ҳоло дар бисёре аз иёлатҳо бартарӣ дорад, аммо олимон эътироф мекунанд, ки онро омикрон иваз хоҳад кард.
Тибқи маълумоти СҶБ, штамми омикрон дар 77 кишвари ҷаҳон муайян шудааст ва эҳтимол дорад, ки версияи нави коронавирус боиси афзоиши шумори сирояту фавтҳо аз COVID-19 шавад.
Инчунин қайд карда мешавад, ки шумораи гирифторон дар ҳар 2-3 рӯз ду баробар меафзояд.