https://sputnik.tj/20211215/omikron-delta-teztar-siroyat-1044175954.html
Олимон: Омикрон нисбат ба делта 70 баробар зудтар сироят мекунад
Олимон: Омикрон нисбат ба делта 70 баробар зудтар сироят мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тадқиқот: омикрон-штамм дар бронхҳо нисбат ба "делта" 70 маротиба тезтар афзоиш меёбад
2021-12-15T16:40+0500
2021-12-15T16:40+0500
2021-12-15T19:30+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
африқои ҷанубӣ
сҷб
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032676242_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7c452ea229728da9aff0cecd28b680ed.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафаси инсон нисбат ба делта ва вируси аввалии SARS-CoV-2 70 бор зудтар сироят мекунад ва афзоиш меёбад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба тадқиқоти олимони Мактаби тиббии Донишгоҳи Ҳонгконг.Тадқиқот нишон додааст, ки гирифторӣ ба омикрон дар қисмати шуш нисбат ба вируси аслии SARS-CoV-2 ба таври қобили мулоҳиза пасттар аст ва ин, ба гуфти коршиносон, метавонад нишондиҳандаи пасттар будани шиддати беморӣ бошад. Штамми омикрон - SARS-CoV-2Штамми нави SARS-CoV-2 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи 20 -уми ноябр кашф шуд. Дар он даҳҳо тағйир дар сафедаи S мавҷуд аст, ки вазифаи сироятро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав аз интиқоли сареи ин вариант ва муқовимат ба антителаҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои дақиқ дар ин замина ҳанӯз барвақт аст. Эҳтимол меравад, ки ин штамм аввал дар бадани шахси дорои масъунияти заиф, масалан, мубталои ВНМО инкишоф ёфтааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "штамми ташвишовар" эълон кард ва ба он номи ҳарфи 15 -уми алифбои юнонӣ - "омикрон" ном гузошт.Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемориро аз сар гузаронидаанд ва ё ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он мубтало шаванд ва нишонаҳои он аз хастагии беҳад то дарди сару бадан гуфта мешавад. Дар баробари ин, чуноне ки мудири маркази Гамалея Александр Гинсбург кайд кард, беморони ваксинашуда бемориро сабуктар аз сар мегузаронанд.Штамми омикрон феълан дар 63 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20211215/oqibatho-falokatbor-covid-19-1044170252.html
https://sputnik.tj/20211214/pir-mekunad-khatari-mudhishi-koronavirus--1044160576.html
африқои ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032676242_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_699a229e336e67b46d6febafeec51a74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паҳншавии омикрон, коронавирус, суръат,
паҳншавии омикрон, коронавирус, суръат,
Олимон: Омикрон нисбат ба делта 70 баробар зудтар сироят мекунад
16:40 15.12.2021 (Навсозишуда: 19:30 15.12.2021) Тадқиқот нишон дод, ки штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафас нисбат ба делта 70 баробар зудтар афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафаси инсон нисбат ба делта ва вируси аввалии SARS-CoV-2 70 бор зудтар сироят мекунад ва афзоиш меёбад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба тадқиқоти олимони Мактаби тиббии Донишгоҳи Ҳонгконг.
"(Ин гузориш - шарҳ аз идора) метавонад фаҳмонад, ки чаро омикрон нисбат ба штаммҳои қаблӣ зудтар аз одам ба одам интиқол меёбад", - гуфта мешавад дар изҳороти HKUMed, ки дар ихтиёри РИА "Новости" қарор гирифтааст.
Тадқиқот нишон додааст, ки гирифторӣ ба омикрон дар қисмати шуш нисбат ба вируси аслии SARS-CoV-2 ба таври қобили мулоҳиза пасттар аст ва ин, ба гуфти коршиносон, метавонад нишондиҳандаи пасттар будани шиддати беморӣ бошад.
Штамми омикрон - SARS-CoV-2
Штамми нави SARS-CoV-2 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи 20 -уми ноябр кашф шуд.
Дар он даҳҳо тағйир дар сафедаи S мавҷуд аст, ки вазифаи сироятро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав аз интиқоли сареи ин вариант ва муқовимат ба антителаҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои дақиқ дар ин замина ҳанӯз барвақт аст.
Эҳтимол меравад, ки ин штамм аввал дар бадани шахси дорои масъунияти заиф, масалан, мубталои ВНМО инкишоф ёфтааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "штамми ташвишовар" эълон кард ва ба он номи ҳарфи 15 -уми алифбои юнонӣ - "омикрон" ном гузошт.
Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемориро аз сар гузаронидаанд ва ё ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он мубтало шаванд ва нишонаҳои он аз хастагии беҳад то дарди сару бадан гуфта мешавад.
Дар баробари ин, чуноне ки мудири маркази Гамалея Александр Гинсбург кайд кард, беморони ваксинашуда бемориро сабуктар аз сар мегузаронанд.
Штамми омикрон феълан дар 63 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.