https://sputnik.tj/20211216/libiya-bino-hukumat-nizomiyon-muhosira-kardand-1044190295.html
Дар Либия бинои ҳукуматро низомиён муҳосира карданд
Дар Либия бинои ҳукуматро низомиён муҳосира карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Либия мебоист рӯзи 24 декабр интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки писари Муаммар Қаззофӣ яке аз довталабони асосӣ ба ҳисоб мерафт. Вале ҳоло баргузории интихобот зери суол мондааст
2021-12-16T11:51+0500
2021-12-16T11:51+0500
2021-12-16T13:06+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
ливия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044190380_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_98135e9dccd386e8794e1e060a1faac5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Шоми чаҳоршанбе афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ ва бинои Вазорати дифоъ дар Триполи ворид шудаанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба хабаргузории "Ал-ҷамоҳирия".Мувофиқи иттилои агентӣ, баъзе аз минтақаҳои пойтахти Либия аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум гардидаанд.Ба гуфтаи корбарон, афроди мусаллаҳ бинои Шӯрои президентро дар Триполи иҳота кардаанд.Ба гузориши шабакаи телевизионии "Sky News Arabia", раиси ин кишвар ва аъзои Шӯрои раёсатҷумҳурӣ пас аз дарёфти маълумот дар бораи ҳамлаи силоҳбадастон ба ҷойи амн кӯч дода шуданд.Қайд карда мешавад, низомиёне, ки дар тасарруфи муассисаҳои давлатӣ ширкат мекунанд, аз нерӯҳои бригадаи "Ал-самуд" мебошанд. Онҳо аллакай изҳор доштаанд, ки "дар Либия интихоботи президентӣ баргузор намешавад, мо тамоми идораҳои давлатиро дар Триполи мебандем".Ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар Триполи ҳамагӣ ҳашт рӯз пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Либия рух дод. Интихоботи президентӣ бояд 24 декабр баргузор мешуд. Дар миёни номзадҳо ба ин мақом писари Қаззофӣ ва генерал Халифа Ҳафтар низ ҳастанд. Ёдовар мешавем, соли 2011 ҳукумати раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ сарнагун ва худи ӯ кушта шуд, ки аз ҳамон замон то ҳол ин кишвар бо нооромиҳо рӯ ба рӯст.
https://sputnik.tj/20210906/amriko-jang-buzurg-natiyagiri-1042086694.html
ливия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044190380_40:0:761:541_1920x0_80_0_0_9099d6727f32e8fe0d8b268d34828ac4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
либия
Дар Либия бинои ҳукуматро низомиён муҳосира карданд
11:51 16.12.2021 (Навсозишуда: 13:06 16.12.2021) Дар Либия мебоист 24 декабр интихоботи президентӣ баргузор шавад, ки писари Муаммар Қаззофӣ яке аз довталабони асосӣ ба ҳисоб мерафт. Вале ҳоло баргузории интихобот зери суол мондааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Шоми чаҳоршанбе афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ ва бинои Вазорати дифоъ дар Триполи ворид шудаанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба хабаргузории "Ал-ҷамоҳирия".
"Шахсони мусаллаҳ шоми чаҳоршанбе ба қароргоҳи Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ ва бинои Вазорати дифоъ дар Триполи ворид шуданд", - омадааст дар хабари оҷонсӣ бидуни зикри ҷузъиёти бештар.
Мувофиқи иттилои агентӣ, баъзе аз минтақаҳои пойтахти Либия аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум гардидаанд.
Ба гуфтаи корбарон, афроди мусаллаҳ бинои Шӯрои президентро дар Триполи иҳота кардаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии "Sky News Arabia", раиси ин кишвар ва аъзои Шӯрои раёсатҷумҳурӣ пас аз дарёфти маълумот дар бораи ҳамлаи силоҳбадастон ба ҷойи амн кӯч дода шуданд.
Қайд карда мешавад, низомиёне, ки дар тасарруфи муассисаҳои давлатӣ ширкат мекунанд, аз нерӯҳои бригадаи "Ал-самуд" мебошанд. Онҳо аллакай изҳор доштаанд, ки "дар Либия интихоботи президентӣ баргузор намешавад, мо тамоми идораҳои давлатиро дар Триполи мебандем".
Ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар Триполи ҳамагӣ ҳашт рӯз пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Либия рух дод.
Интихоботи президентӣ бояд 24 декабр баргузор мешуд. Дар миёни номзадҳо ба ин мақом писари Қаззофӣ ва генерал Халифа Ҳафтар низ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, соли 2011 ҳукумати раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ сарнагун ва худи ӯ кушта шуд, ки аз ҳамон замон то ҳол ин кишвар бо нооромиҳо рӯ ба рӯст.