"Дар ҳамаҷо куштанд": таъкиди Созмони Афви Байналмилал ба таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангии толибон

© REUTERS \ Jorge SilvaПатруль запрещенной в России организации "Талибан" на улицах Кабула
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Созмони Афви Байналмилал бо нашри гузорише гуфтааст, ки дар моҳҳои ахири пеш аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон ба дасти толибон ҷангҷӯён ба такрори ҷиноятҳои ҷангӣ даст задаанд, ки бояд Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ онро таҳқиқ кунад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дабири кулли Афви Байналмилал Агнес Каламер гуфтааст, ки "ҷиноятҳои бешумори ҷангӣ ва хунрезии бепоёни толибон дар Кобул дар моҳҳои пеш аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ боиси қурбонии ҳазорон ғайринизомии афғонистонӣ гардид.
Гузориши Афви Байналмилал дар ин бора имрӯз, 16 декабр таҳти унвони "Роҳи гурез нест: ҷиноятҳои ҷангӣ ва талафот дар замони суқути ҳукумати Кобул ба дасти толибон" нашр шуд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо
Гузоришгарон гуфтаанд, ки ҳоло ба мустанадсозии шиканҷа, эъдомҳои ғайриқонунӣ, кушторҳо аз сӯйи толибон дар марҳалаҳои ниҳоии даргириҳо дар Афғонистон, ҳамчунин талафоти ғайринизомиён дар як силсила амалиёти заминиву ҳавоии нерӯҳои амниятию дифои Афғонистон ва артиши Амрико оғоз кардаанд.
Дабири кулли Созмони Афви Байналмилал гуфт: "Чанд моҳ пеш аз суқути ҳукумати Кобул ҷиноятҳои ҷангӣ, хунрезии ваҳшиёнаи Толибон ва ҳамчунин марги ғайринизомиёни афғонистонӣ аз ҷониби нерӯҳои амниятии Афғонистон ва сарбозони амрикоӣ гузориш шуда буд. Далелҳои нави мо нишон медиҳанд, ки ғайр аз интиқоли осоиштаи қудрат, ки толибон иддао доранд, мардуми Афғонистон бори дигар бо хуни худ товон доданд".
"Мактабҳо, беморхонаҳо, хонаҳо ва мағозаҳо ба ҷои ҷиноят табдил ёфтанд, дар ҳоле ки одамон борҳо захмӣ ва кушта шуданд", - гуфт Каламер.
Мардуми Афғонистон муддати тӯлонӣ ранҷ мекашад ва қурбониён бояд ба адолату ҷубронпулӣ дастрасӣ дошта бошанд, таъкид шудааст дар гузориш.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ICC) бояд қарори нодурусти худро дар бораи авлавият додан ба тафтишоти амалиёти низомии ИМА ва Афғонистон лағв кунад ва ба ҷои он новобаста аз он ки ба куҷо мерасад, далелҳои ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангиро пайгирӣ кунад.
Ахиран намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) гузориш дода буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1659 ғайринизомии афғонистонӣ кушта ва ҳудуди 3524 нафар маҷруҳ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 47 дарсад бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0