https://sputnik.tj/20211206/kishvarho-nizomiyon-peshin-afghoniston-vokunishi-tolib-1043961394.html
Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо
Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо ба баёнияи муштараки як гуруҳ кишварҳои ҷаҳон, ки аз қатли низомиёни пешин дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд, вокуниш нишон додааст
2021-12-06T12:19+0500
2021-12-06T12:19+0500
2021-12-06T17:36+0500
афғонистон
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
ҳукумат
толиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434627_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_1248362f6e7b8cf4a8f6721d8b68d174.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Толибҳо иддаои қатли низомиёни пешини Афғонистон бидуни муҳокимаро бепоя хонда, таъкид мекунанд, ки ба афви умумии эълоншуда мутааҳҳид мебошанд. Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар вокуниш ба нигарониҳои кишварҳои ҷаҳонӣ гуфтааст, ки агар аъзои нерӯҳои "иморати исломӣ" аз фармони афви умумӣ сарпечӣ кунанд, ба бархӯрди қонунӣ ва муҷозот мувоҷеҳ мешаванд, навиштааст Sputnik Афғонистон. Манбаъ аз қавли Балхӣ таъкид намудааст, ки рӯйдодҳо ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешаванд ва шоеоти беасос қобили эътироз нестанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран ИМА ва 20 кишвари дигар дар як баёнияи муштараке дар мавриди куштори низомиёни давлати пешин ба дасти толибҳо ибрози нигаронӣ карданд. Дар баёния таъкид шудааст, ки омилони ин куштор бояд муҷозот шаванд.Зикр гардидааст, ки чунин аъмоли ҳукуматдорони нав дар Афғонистон нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар буда, бо гуфтаҳояшон дар мавриди афви умумӣ дар таззод мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли равон ғасб карда, аз анҷоми ҷанг хабар доданду таъкид намуданд, ки дар кишвар афви умум эълон шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлатдорони нав дар Афғонистон талаб дорад, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсилро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20211204/suiqasd-voli-panjsher-jabha-muqovimat-1043946952.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434627_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b25485bc8c980828cdce8e220a3ecb05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибҳо, афғонистон, нигаронӣ, вокуниш
толибҳо, афғонистон, нигаронӣ, вокуниш
Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо
12:19 06.12.2021 (Навсозишуда: 17:36 06.12.2021) Толибҳо ба баёнияи муштараки як гурӯҳ кишварҳои ҷаҳон, ки аз қатли низомиёни пешин дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд, вокуниш нишон додаанд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Толибҳо иддаои қатли низомиёни пешини Афғонистон бидуни муҳокимаро бепоя хонда, таъкид мекунанд, ки ба афви умумии эълоншуда мутааҳҳид мебошанд.
Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар вокуниш ба нигарониҳои кишварҳои ҷаҳонӣ гуфтааст, ки агар аъзои нерӯҳои "иморати исломӣ" аз фармони афви умумӣ сарпечӣ кунанд, ба бархӯрди қонунӣ ва муҷозот мувоҷеҳ мешаванд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли Балхӣ таъкид намудааст, ки рӯйдодҳо ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешаванд ва шоеоти беасос қобили эътироз нестанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ИМА ва 20 кишвари дигар дар як баёнияи муштараке дар мавриди куштори низомиёни давлати пешин ба дасти толибҳо ибрози нигаронӣ карданд. Дар баёния таъкид шудааст, ки омилони ин куштор бояд муҷозот шаванд.
Зикр гардидааст, ки чунин аъмоли ҳукуматдорони нав дар Афғонистон нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар буда, бо гуфтаҳояшон дар мавриди афви умумӣ дар таззод мебошанд.
"Мо аз толибҳо мехоҳем афвро барои аъзои собиқи нерӯҳои амнияти Афғонистон ва мақомоти давлати собиқ ба таври муассир иҷро кунанд, то итминон ҳосил шавад, ки афв дар саросари кишвар амалӣ мешавад", - омадааст дар баёнияи муштарак.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли равон ғасб карда, аз анҷоми ҷанг хабар доданду таъкид намуданд, ки дар кишвар афви умум эълон шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлатдорони нав дар Афғонистон талаб дорад, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсилро таъмин созанд.