https://sputnik.tj/20210809/garonshavi-suzishvor-hujand-avtobus-harakat-1041518723.html
Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд
Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд
Sputnik Тоҷикистон
Болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвории дизелӣ, сабаби аз ҳаракат боз мондани даҳҳо адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд гардидааст.
2021-08-09T18:48+0500
2021-08-09T18:48+0500
2021-08-09T18:50+0500
иқтисод
иҷтимоъ
хуҷанд
сӯзишворӣ
автобус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/24/1030262445_0:24:1000:587_1920x0_80_0_0_c2c61efbe2e6b4cb9c3cfa21a8dbabf2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи баамаломдаро шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба ҳолати бе ин ҳам хароби иқтисодии корхонаи онҳо таъсири амиқи манфӣ боқӣ гузоштааст. Ҳоло арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба як моҳи қабл то 1, 3 сомонӣ боло рафта ба 9, 3 сомонӣ баробар шудааст. Болоравии нарх дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ беш аз 35 % рақам зада мешавад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ арзиши як литр солярка 7 сомонӣ буд. Ба ҳисоби сӯзишвории дизелӣ, нархи бензин ба 10, 3 сомонӣ ва гази моеъ ҳам ба 6, 8 сомонӣ боло рафтааст. Бобоҷонов мегуяд, болоравии босуръати арзиши сӯзишворӣ ба фаъолияти “Корхонаи мусофиркашонӣ” и Хуҷанд таъсири амиқ расонидааст. Ӯ иброз намуд, ки то ин замон даҳҳо ронанда бо сабаби саривақт пардохт нашудани маош корро тарк намуда ба муҳоҷират рафтаанд. “Дар ҳар шаҳри ҷаҳон ҳаракати автобус хароҷотбор аст. Аз сабаби набудани маблағи кофӣ таъмири автобусҳо ба иҷро нарасида боқӣ мондааст. Маоши баъзе ронандаҳо ҳам саривақт пардохт карда нашудааст”, - изҳор кард Бобоҷонов. Ин дар ҳолест, ки се сол қабл барои тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба идораи "Нақлиёти мусофиркашон" - и шаҳри Хуҷанд, 26 миллион доллар қарзи даҳсола ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 17, 5 миллион доллар қарз ва 8, 5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт (грант) гуфта мешавад. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018, 100 адад автобусҳои тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292" - ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд, то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи хариди автобусҳоро сипарӣ намуда 4, 3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро соф кардааст. Аммо, баъди бештар аз яку ним сол, ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба сабаби гароншавии нархи сӯзишворӣ ба мушкил печидааст ва маълум нест, ки ин вазъ то кай давом хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210729/afzoish-narh-benzin-tojikiston-rekord-1041270065.html
https://sputnik.tj/20210806/narhi-gazi-moe-boz-garon-tojikiston-1041461225.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/24/1030262445_19:0:954:701_1920x0_80_0_0_29b44f7400e146df2eecc806271e5351.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гароншавӣ, сӯзишворӣ, хуҷанд, 90 автобус, ҳаракат
гароншавӣ, сӯзишворӣ, хуҷанд, 90 автобус, ҳаракат
Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд
18:48 09.08.2021 (Навсозишуда: 18:50 09.08.2021) Болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвории дизелӣ, сабаби аз ҳаракат боз мондани даҳҳо адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд гардидааст. Ҳоло дар маркази вилояти Суғд аз 100 автобуси мавҷуд буда, танҳо 10 тоаш кор мекунад, 90 адади дигар аз ҳаракат боз мондааст
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи баамаломдаро шарҳ дод.
Ӯ таъкид намуд, ки болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба ҳолати бе ин ҳам хароби иқтисодии корхонаи онҳо таъсири амиқи манфӣ боқӣ гузоштааст.
“Нархи солярка аз 9 сомонӣ гузашт. Агар ба ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт то бегоҳ маблағи соляркаро надиҳед, пагоҳ саҳар сӯзишворӣ намедиҳанд. Ҳаракати автобусҳо, хароҷоти сӯзишвориро пӯшонида наметавонад, аз ҳамин ҷиҳат ҳаракати 90 % и автобусҳо боз дошта шудааст”, - гуфт Бобоҷонов.
Ҳоло арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба як моҳи қабл то 1, 3 сомонӣ боло рафта ба 9, 3 сомонӣ баробар шудааст.
Болоравии нарх дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ беш аз 35 % рақам зада мешавад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ арзиши як литр солярка 7 сомонӣ буд. Ба ҳисоби сӯзишвории дизелӣ, нархи бензин ба 10, 3 сомонӣ ва гази моеъ ҳам ба 6, 8 сомонӣ боло рафтааст.
Бобоҷонов мегуяд, болоравии босуръати арзиши сӯзишворӣ ба фаъолияти “Корхонаи мусофиркашонӣ” и Хуҷанд таъсири амиқ расонидааст. Ӯ иброз намуд, ки то ин замон даҳҳо ронанда бо сабаби саривақт пардохт нашудани маош корро тарк намуда ба муҳоҷират рафтаанд.
“Дар ҳар шаҳри ҷаҳон ҳаракати автобус хароҷотбор аст. Аз сабаби набудани маблағи кофӣ таъмири автобусҳо ба иҷро нарасида боқӣ мондааст. Маоши баъзе ронандаҳо ҳам саривақт пардохт карда нашудааст”, - изҳор кард Бобоҷонов.
Ин дар ҳолест, ки се сол қабл барои тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба идораи "Нақлиёти мусофиркашон" - и шаҳри Хуҷанд, 26 миллион доллар қарзи даҳсола ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 17, 5 миллион доллар қарз ва 8, 5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт (грант) гуфта мешавад.
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018, 100 адад автобусҳои тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292" - ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд.
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд, то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи хариди автобусҳоро сипарӣ намуда 4, 3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро соф кардааст.
Аммо, баъди бештар аз яку ним сол, ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба сабаби гароншавии нархи сӯзишворӣ ба мушкил печидааст ва маълум нест, ки ин вазъ то кай давом хоҳад кард.