https://sputnik.tj/20211031/rivoyati-bismilloh-muhammadi-az-rori-ashraf-ghani-1043193520.html
Ривояти Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ: Матинбек моро фиреб дод
Ривояти Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ: Матинбек моро фиреб дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои пешини Афғонистон дар бораи рӯз фирори раисҷумҳури фирории ин кишвар гуфт: раиси дафтари Ашраф Ғанӣ бо фиреб додани коркунони вазоратхона заминаи фирори вайро аз Афғонистон фароҳам кард
2021-10-31T17:00+0500
2021-10-31T17:00+0500
2021-11-01T18:53+0500
афғонистон
толибон
кобул
фирор
муҳаммад ашраф ғанӣ
вазири дифоъ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040512566_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_b31fbf2e4567bf373a309a0fb1313005.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои пешини Афғонистон яке аз авомили суқути Кобул ба дасти “Толибон”*-ро Матинбек, раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ дониста ва гуфтааст, ки ӯ заминаи фирори Афӯшраф Ғаниро фароҳам кард.Вазири дифои давлати пешини Афғонистон дар "Твиттер" дар бораи рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии фирории ин кишвар навишт: “Яке аз сабабҳои суқут Матинбек (раиси дафтари Ашраф Ғанӣ) буд, зеро вай дар "Твиттер" навишт, мардумро итминон дод, ки дар Кобул ягон таҳдиде вуҷуд надорад ва ману ҳамкорони маро фиреб дода, ба фирори Ғанӣ мусоидат кардааст”.Муҳаммадӣ таъкид кард: "Қарор буд, аз фурудгоҳ иттилоъ бигирем, ки иттифоқе дар ҳоли рух додааст, аммо ин маъмури суқут бо аҷала ба Вазорати дифоъ омада гуфт, ки “раис соҳиб барои суханронӣ ин ҷо, Вазорати дифоъ меояд".Дар ҳамин ҳол Матинбек ахиран барои пуштибонӣ аз Ғанӣ узр хост ва гуфт, фурӯпошии Афғонистон дар соли 2014 оғоз шуд - вақте ки Ашраф Ғанӣ ба сари қудрат омад.Кобул рӯзи 15 август бидуни даргирӣ ба дасти “Толибон”* гузашт ва Ҳукумати Афғонистон суқут кард.Қаблан нашрияи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон ба нақл аз як манбаъ хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи август аз тариқи Ӯзбекистон аз ин кишвар фирор карда ва тавассути Қазоқистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ парвоз кардааст.“Ҳашти Субҳ” гуфтааст, ки рӯзи 15 август барои фирор аз Афғонистон чанд чархбол истифода шуд, ки дар Кохи раисҷумҳур дар ҳолати изтирорӣ ҳузур доштанд.Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои Ҳукуматии Афғонистон афзоиш доданд. 15 август онҳо вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг тамом шудааст. Дар ду ҳафтаи ахири моҳи август фурудгоҳи Кобул, ки таҳти назорати амрикоиҳо буд, ба таври оммавӣ шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, ба дигар кишварҳо интиқол доданд.
https://sputnik.tj/20211031/khalilzod-korhoi-amriko-afghoniston-tamom-nashudaast-1043191837.html
https://sputnik.tj/20211031/bolton-tramp-bayden-masuli-khuruji-sharmandavori-afghoniston-1043187864.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040512566_0:0:853:640_1920x0_80_0_0_28334f89ccc920220aa246881f71dc7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ашраф ғанӣ, фирор, раисҷумҳур, вазоратхона, фиреб
афғонистон, ашраф ғанӣ, фирор, раисҷумҳур, вазоратхона, фиреб
Ривояти Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ: Матинбек моро фиреб дод
17:00 31.10.2021 (Навсозишуда: 18:53 01.11.2021) Вазири дифои пешини Афғонистон дар бораи рӯзи фирори раисҷумҳури пешини ин кишвар гуфт: раиси дафтари Ашраф Ғанӣ бо фиреб додани коркунони вазорат заминаи фирори вайро аз Афғонистон фароҳам кард
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои пешини Афғонистон яке аз авомили суқути Кобул ба дасти “Толибон”*-ро Матинбек, раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ дониста ва гуфтааст, ки ӯ заминаи фирори Афӯшраф Ғаниро фароҳам кард.
Вазири дифои давлати пешини Афғонистон дар "Твиттер" дар бораи рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии фирории ин кишвар навишт: “Яке аз сабабҳои суқут Матинбек (раиси дафтари Ашраф Ғанӣ) буд, зеро вай дар "Твиттер" навишт, мардумро итминон дод, ки дар Кобул ягон таҳдиде вуҷуд надорад ва ману ҳамкорони маро фиреб дода, ба фирори Ғанӣ мусоидат кардааст”.
Муҳаммадӣ таъкид кард: "Қарор буд, аз фурудгоҳ иттилоъ бигирем, ки иттифоқе дар ҳоли рух додааст, аммо ин маъмури суқут бо аҷала ба Вазорати дифоъ омада гуфт, ки “раис соҳиб барои суханронӣ ин ҷо, Вазорати дифоъ меояд".
Дар ҳамин ҳол Матинбек ахиран барои пуштибонӣ аз Ғанӣ узр хост ва гуфт, фурӯпошии Афғонистон дар соли 2014 оғоз шуд - вақте ки Ашраф Ғанӣ ба сари қудрат омад.
Кобул рӯзи 15 август бидуни даргирӣ ба дасти “Толибон”* гузашт ва Ҳукумати Афғонистон суқут кард.
Қаблан нашрияи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон ба нақл аз як манбаъ хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи август аз тариқи Ӯзбекистон аз ин кишвар фирор карда ва тавассути Қазоқистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ парвоз кардааст.
“Ҳашти Субҳ” гуфтааст, ки рӯзи 15 август барои фирор аз Афғонистон чанд чархбол истифода шуд, ки дар Кохи раисҷумҳур дар ҳолати изтирорӣ ҳузур доштанд.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои Ҳукуматии Афғонистон афзоиш доданд. 15 август онҳо вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг тамом шудааст. Дар ду ҳафтаи ахири моҳи август фурудгоҳи Кобул, ки таҳти назорати амрикоиҳо буд, ба таври оммавӣ шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, ба дигар кишварҳо интиқол доданд.