Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Африқои Ҷанубӣ аломатҳои маъмултарини штамми омикронро номбар карданд

© pixabayИллюстрация коронавируса
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Маъмултарин аломатҳои штамми омикрон ин дарди гулӯ ва тахтапушт мебошад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бемороне, ки бо штамми омикрони COVID-19 мубтало шудаанд, аксари вақт аз дарди гулӯ ва дарди тахтапушт шикоят мекунанд.
Дар ин бора рӯзномаи бритониёии "The Sun" бо истинод ба маълумоти коршиносони Африқои Ҷанубӣ хабар дод.
Табибони Африқои Ҷанубӣ тақрибан 78 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба штамми нави коронавирусро омӯхта, қайд мекунанд, аломати маъмултарини ин беморӣ дарди гулӯ мебошад, ки дар маризони гирифтори дигар штаммҳои COVID-19 мушоҳида нашудааст.
Ҳамчунин дарди тахтапушт низ, тибқи маълумоти онҳо, хоси беморони гирифтори навъи омикрон мебошад.
Сотрудницы в физико-химической лаборатории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон: Омикрон нисбат ба делта 70 баробар зудтар сироят мекунад
Қаблан сулфаи зуд-зуд, табларзаи баланд ва гум шудани ҳиссиёти мазза ва бӯй аз аломатҳои хоси сирояти коронавирус гуфта мешуданд.
Тадқиқот нишон дод, ки штамми сироятшудаи омикрон нисбат ба делта, 23 фисад камтар ниёз ба бемористонро талаб мекунад, аммо ҳанӯз дар бораи ҷараёни сабуктари беморӣ ба таври дақиқ чизе гуфта нашудааст.
Штамми нави SARS-CoV-2 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи 20 -уми ноябр кашф шуд.
Пешгӯии СҶБ: "Тундбоди ковидӣ" ҳамаро фаро хоҳад гирифт
Дар он даҳҳо тағйир дар сафедаи S мавҷуд аст, ки вазифаи сироятро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав аз интиқоли сареи ин навъ ва муқовимат ба антителаҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои дақиқ дар ин замина ҳанӯз барвақт аст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "штамми ташвишовар" эълон кард. Штамми омикрон феълан дар 63 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0