Тоҷикистон наздик ба 100 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт

© AP / Matthias SchraderКонтейнеры
Контейнеры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Соли равон Тоҷикистон нисбат ба як соли гузашта ҳудуди ду баробар бештар кумаки башарӣ дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз 61 кишвари донори хориҷи наздик ва дур кумаки башардӯстона дарёфт кард, гузориш медиҳад Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.
Кишварҳои донор ба Тоҷикистон доруворӣ барои табобати маризони коронавирус ва ҳамчунин маводи ғизоӣ кумак кардаанд.
Дар маҷмуъ, аз аввали сол ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 94,78 миллион доллар маҳсулот ворид гаштааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 28,5 ҳазор тонна маводи башардӯстона кумак ирсол шудааст.
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тоҷикистон ба маблағи 82 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Дар ин давра ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона орд, рӯғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра низ ворид гардидааст.
Дар маҷмуъ, аз аввали сол ба кишвар нисбат ба як соли пеш ду баробар зиёд кумак фиристода шуд. Чин яке аз се донори аслии Тоҷикистон аст. Кумаки ин кишвар 30,7 дарсад аз ҷамъи кумакҳоро ташкил додааст. Иёлоти Муттаҳида 16,7% ва Русия 10,5% дар ин гуна иқдомот саҳиманд.
Русия барои рушди низоми ғизои мактаб дар Тоҷикистон 11,2 миллион доллар ихтисос дода буд.
Ҳамчунин бо кумаки молии Русия чаҳор дармонгоҳи сайёр бар пояи мошини КамАЗ ва як озмоишгоҳи сайёри ташхиси экспресс ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Лентаи хабарҳо
0