https://sputnik.tj/20211117/tojikiston-kumak-bashardustona-girift-1043596612.html
Тоҷикистон ба маблағи 82 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Тоҷикистон ба маблағи 82 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар соли 2021 нисбат ба як соли қаблӣ ду маротиба бештар кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст
2021-11-17T16:10+0500
2021-11-17T16:10+0500
2021-11-17T18:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
кӯмаки башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/85/1031328557_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_88e588fdabd27263dae25c09decc047c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз 58 кишвари дунё кумакҳои башардӯстона дарёфт намудааст, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.Ин ниҳод меафзояд, кишварҳои донор ба Тоҷикистон асосан маводи ғизоӣ, доруворӣ ва лавозимоти лозимӣ барои табобати беморони коронавирус ирсол намудаанд.Аз аввали сол Тоҷикистон ба маблағи 82,55 миллион доллар кумак дарёфт намудааст, ки нисбат ба як соли қабл ду баробар бештар аст. Соли гузашта дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 41,7 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шуд.Дар маҷмуъ соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 24,8 ҳазор тонна моли башардӯстона ворид шудааст.Сокинони Тоҷикистон ба унвони кумаки башардӯстона орд ва рӯғани растанӣ дарёфт карданд. Чин яке аз се кишвари аслии кумакрасони Тоҷикистон аст ва ин кумак 31,6 дарсадро ташкил додааст. Зимнан Амрико бо14,5 дарсад дар мақоми дуюм ва Русия бо 10,8 фисад дар мақоми баъдӣ қарор гирифтаанд.Маврид ба зикр аст, ки Русия ба мактаббачагони тоҷик орди гандум ва рӯғани растанӣ ҳадя кард. Ҳамчунин бо кумаки молии Русия чаҳор дармонгоҳи сайёр бар пояи мошини КамАЗ ва як озмоишгоҳи сайёри ташхиси экспресс ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Дар чаҳорчӯби муборизаи муштарак алайҳи коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои тестӣ ва реактивҳои ташхисии ройгон, инчунин ваксинаи "Спутник V" ирсол намуда буд.
https://sputnik.tj/20210907/rusiya-tojikiston-hudrav-yorii-tajili-1042100533.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/85/1031328557_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_cb52e8671a96939db9da81aeb344ee51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия кумак
Тоҷикистон ба маблағи 82 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
16:10 17.11.2021 (Навсозишуда: 18:58 17.11.2021) Тоҷикистон дар соли 2021 нисбат ба як соли қаблӣ ду баробар бештар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз 58 кишвари дунё кумакҳои башардӯстона дарёфт намудааст, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.
Ин ниҳод меафзояд, кишварҳои донор ба Тоҷикистон асосан маводи ғизоӣ, доруворӣ ва лавозимоти лозимӣ барои табобати беморони коронавирус ирсол намудаанд.
Аз аввали сол Тоҷикистон ба маблағи 82,55 миллион доллар кумак дарёфт намудааст, ки нисбат ба як соли қабл ду баробар бештар аст. Соли гузашта дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 41,7 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шуд.
Дар маҷмуъ соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 24,8 ҳазор тонна моли башардӯстона ворид шудааст.
Сокинони Тоҷикистон ба унвони кумаки башардӯстона орд ва рӯғани растанӣ дарёфт карданд. Чин яке аз се кишвари аслии кумакрасони Тоҷикистон аст ва ин кумак 31,6 дарсадро ташкил додааст.
Зимнан Амрико бо14,5 дарсад дар мақоми дуюм ва Русия бо 10,8 фисад дар мақоми баъдӣ қарор гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия ба мактаббачагони тоҷик орди гандум ва рӯғани растанӣ ҳадя кард. Ҳамчунин бо кумаки молии Русия чаҳор дармонгоҳи сайёр бар пояи мошини КамАЗ ва як озмоишгоҳи сайёри ташхиси экспресс ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Дар чаҳорчӯби муборизаи муштарак алайҳи коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои тестӣ ва реактивҳои ташхисии ройгон, инчунин ваксинаи "Спутник V" ирсол намуда буд.