https://sputnik.tj/20211215/tojikiston-ijozati-hajji-umra-girift-1044182413.html
Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт
Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умра дод 15.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-15T19:40+0500
2021-12-15T19:40+0500
2021-12-15T21:06+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
арабистони саудӣ
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040979313_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ebdb93063216beb21a14b0c9feee3667.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон расман иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт. Ин кишвар ба шарти доштани ваксина алайҳи бемории коронавирус ба зоирони тоҷик иҷозати ба ҷо овардани ҳаҷро додааст.Вале дар худи Тоҷикистон ҳоло тасмими ба ҳаҷ сафар кардани зоирон гирифта нашудааст ва ҳама интизори иҷозати расмии Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар кишвар ҳастанд.Дар ҳамин ҳол аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки феълан ситоди мазкур ягон тасмим нагирифтааст.Ёдовар мешавем, аз ҷониби Арабистони Саудӣ вуруд ба ин кишвар бо назардошти як қатор шартҳо мамнуъ шуда буд. Ҳамин тавр мақомоти Арабистони Саудӣ ба хориҷиёне, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза медиҳанд, ки ба ин кишвар сафар кунанд. Ҳамзамон ваксинаҳои алайҳи коронавирус бояд аз ҷониби Ҳукумати Арабистони Саудӣ тасдиқ шуда бошанд.Ба ин рӯйхат "Pfizer", "AstraZeneca", "Moderna", "Johnson & Johnson", "Sinopharm" ва "Sinovac" дохил мешаванд. Аз оғози соли 2022 Арабистони Саудӣ ҳамчунин "Спутник V"-и Русияро ба рӯйхати ваксинҳои тасдиқшуда ворид мекунад. Ҳамин тариқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ин ваксинаҳо алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд, метавонанд ба Макка бираванд.
https://sputnik.tj/20210614/abdulqodirzoda-haj-farz-1040207157.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040979313_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_2b8267094b61de2beedf808bc0e7923b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳаҷ, арабистони саудӣ, дин ва оин
дар тоҷикистон, ҳаҷ, арабистони саудӣ, дин ва оин
Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт
19:40 15.12.2021 (Навсозишуда: 21:06 15.12.2021) Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умра дод
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон расман иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт. Ин кишвар ба шарти доштани ваксина алайҳи бемории коронавирус ба зоирони тоҷик иҷозати ба ҷо овардани ҳаҷро додааст.
Вале дар худи Тоҷикистон ҳоло тасмими ба ҳаҷ сафар кардани зоирон гирифта нашудааст ва ҳама интизори иҷозати расмии Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар кишвар ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки феълан ситоди мазкур ягон тасмим нагирифтааст.
"Сарфи назар аз ин ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони ваксинашудаи мо иҷоза медиҳад, аммо мунтазири иҷозаи ситоди ҷумҳуриявӣ ҳастем. Ҳоло корҳои омодагӣ барои фиристодани шаҳрвандон ҷараён дорад, вале мунтазири иҷозаи ниҳоии ситодем", - гуфт Афшин Муқим сухангӯи Кумитаи дин.
Ёдовар мешавем, аз ҷониби Арабистони Саудӣ вуруд ба ин кишвар бо назардошти як қатор шартҳо мамнуъ шуда буд.
Ҳамин тавр мақомоти Арабистони Саудӣ ба хориҷиёне, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза медиҳанд, ки ба ин кишвар сафар кунанд. Ҳамзамон ваксинаҳои алайҳи коронавирус бояд аз ҷониби Ҳукумати Арабистони Саудӣ тасдиқ шуда бошанд.
Ба ин рӯйхат "Pfizer", "AstraZeneca", "Moderna", "Johnson & Johnson", "Sinopharm" ва "Sinovac" дохил мешаванд.
Аз оғози соли 2022 Арабистони Саудӣ ҳамчунин "Спутник V"-и Русияро ба рӯйхати ваксинҳои тасдиқшуда ворид мекунад.
Ҳамин тариқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ин ваксинаҳо алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд, метавонанд ба Макка бираванд.