Тағйироти кадрӣ дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон: кадрҳои ҷавон кистанд?

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонБақозода Сайрам Абдусаттор, мудири муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”
Бақозода Сайрам Абдусаттор, мудири муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Дар мувофиқа бо вазири меҳнати Тоҷикистон ва бо фармони мудири Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ кадрҳои кордидаву ҷавон ба вазифаҳои гуногун дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон тағйироти кадри сурат гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, Бақозода Сайрам Абдусаттор, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ва илмию иҷтимоӣ фаъолият намуда, дорои таҷрибаи валои касбӣ мебошанд, ба вазифаи мудири муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон таъйин шуд
Инчунин, тибқи иттилои манбаъ, Исҳоқзода Умедҷон Исҳоқ ба вазифаи муовини мудири Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон интисоб шуд.
“Бо таъйин ва муаррифӣ шудани кадрҳои ҷавону корозмуда, соҳибмаҳорату ботаҷриба интизор меравад, ки самти касбомӯзӣ рушд намуда, кадрҳои коргарӣ бо ихтисосҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода мегарданд”, - изҳори умедворӣ кардааст манбаъ.
Здание Таджикстандарт в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: раиси идораи "Тоҷикстандарт" иваз шуд, ӯ кист?
Ёдрас мешавем, ки Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон яке аз муассисаҳои зерсохти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буда, соли 2008 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон фаъолияти худро дар се самт ва бо фарогирии 34 филиалу 23 намояндагӣ роҳандозӣ намуда, аз рўи 110 номгӯи касбу ихтисоси коргарӣ фаъолият менамояд.
Марказ дорои 223 корманду мутахассис ва 695 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ мебошад, ки ба касбомӯзон вобаста ба талаботи бозори меҳнат касбу ҳунар меомӯзонанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳамасола дар марказ беш аз 25 ҳазор нафар ҷавону калонсол ихтисосҳои мавриди ниёзи худро омӯхта, бо тахассуси мушаххасу расмии коргарӣ вориди бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0