https://sputnik.tj/20211215/parvanda-alayhi-padari-komronshoh-ustopiriyon-1044169975.html
Ифтитоҳи парванда алайҳи падари Комроншоҳ Устопириён
Ифтитоҳи парванда алайҳи падари Комроншоҳ Устопириён
Sputnik Тоҷикистон
Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба "беэҳтиётӣ" муттаҳам мешавад
2021-12-15T13:13+0500
2021-12-15T13:13+0500
2021-12-15T18:10+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
садама
комроншоҳ устопириён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102195/94/1021959413_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_883b56e06f6dfda70d15422f3089078c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 10-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон рух додааст, як марди 50-сола ҷон бохтааст, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Киа спортиҷ" Усто Устопиров пиёдагард, марди 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чап мегузашт, пахш кардааст.Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар робита ба ин ҳодиса ба "беэҳтиётӣ" гумонбар мешавадТафтишоти ин ҳодиса аз сӯйи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ идома дорад.Усто Устопиров бо модаи 212, яъне "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт" муттаҳам мешавад.Усто Устопиров, падари Комроншоҳ Устопириён устоди шинохтаи варзиши кӯштӣ дар Тоҷикистон аст.Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад ва ба даҳҳо ҷавон намудҳои варзиши кӯштиро омӯзиш медиҳад.
https://sputnik.tj/20211121/pos-khotir-qurboniyon-sadama-marg-tojikiston-1043671674.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102195/94/1021959413_136:0:1600:1098_1920x0_80_0_0_f7ea889c81d0ac152257e8a75f9bd409.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садам, усто устопирён, падар, комроншох устопирён, беэҳтиётӣ
тоҷикистон, садам, усто устопирён, падар, комроншох устопирён, беэҳтиётӣ
Ифтитоҳи парванда алайҳи падари Комроншоҳ Устопириён
13:13 15.12.2021 (Навсозишуда: 18:10 15.12.2021) Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба "беэҳтиётӣ" муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 10-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон рух додааст, як марди 50-сола ҷон бохтааст, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Киа спортиҷ" Усто Устопиров пиёдагард, марди 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чап мегузашт, пахш кардааст.
"Дар натиҷа пиёдагард аз захмҳои бардоштааш вафот мекунад",- афзуд манбаъ.
Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар робита ба ин ҳодиса ба "беэҳтиётӣ" гумонбар мешавад
Тафтишоти ин ҳодиса аз сӯйи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ идома дорад.
Усто Устопиров бо модаи 212, яъне "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт" муттаҳам мешавад.
Усто Устопиров, падари Комроншоҳ Устопириён устоди шинохтаи варзиши кӯштӣ дар Тоҷикистон аст.
Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад ва ба даҳҳо ҷавон намудҳои варзиши кӯштиро омӯзиш медиҳад.