https://sputnik.tj/20211121/pos-khotir-qurboniyon-sadama-marg-tojikiston-1043671674.html
Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон
Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи ноябр чун дар бисёри кишварҳои дигар, Рӯзи поси қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ қайд мегардад
2021-11-21T13:06+0500
2021-11-21T13:06+0500
2021-11-22T17:06+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
гунаҳкор
омилҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_286e65baee391c3079f30a04cc5b9b8f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар Рӯзи поси хотири қурбониён дар роҳҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад, то аз фоҷеаҳо ҷилавгирӣ гардад. Рӯзи поси хотири қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ аз соли 2005 бо даъвати Маҷмааи умумии СММ қайд карда мешавад.Зубайдулло Ҳафиззода, муовини аввали сардори Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз афзоиши шумори ҳалокшудагон дар садамаҳо тайи нуҳ моҳи аввали соли равон хабар додааст.Бар асоси иттилои расмӣ, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 787 ҳодиси роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 290 шаҳрванд ба ҳалокат расидааст. Инчунин дар ин садамаҳо 869 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.Ба гуфтаи Ҳафзиззода, дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта садамаҳо 2 маврид ё 0,35 дарсад ва маҷрӯҳон 40 нафар ё 4,4 фоиз кам шудаанд. Дар баробари ин ӯ афзуд, ки теъдоди ҳалокшудагон 9 адад ё 3,2 фоиз зиёд гардидааст.Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.
https://sputnik.tj/20211120/sadamaho-naqliyoti-margovar-tojikiston-1043661625.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_ed3e38646a790e28395076205360c02c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама, марг, ҳалокат, нақлиёт
садама, марг, ҳалокат, нақлиёт
Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон
13:06 21.11.2021 (Навсозишуда: 17:06 22.11.2021) Дар Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи ноябр чун дар бисёри кишварҳои дигар, Рӯзи поси қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ қайд мегардад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар Рӯзи поси хотири қурбониён дар роҳҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад, то аз фоҷеаҳо ҷилавгирӣ гардад. Рӯзи поси хотири қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ аз соли 2005 бо даъвати Маҷмааи умумии СММ қайд карда мешавад.
Зубайдулло Ҳафиззода, муовини аввали сардори Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз афзоиши шумори ҳалокшудагон дар садамаҳо тайи нуҳ моҳи аввали соли равон хабар додааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 787 ҳодиси роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 290 шаҳрванд ба ҳалокат расидааст. Инчунин дар ин садамаҳо 869 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба гуфтаи Ҳафзиззода, дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта садамаҳо 2 маврид ё 0,35 дарсад ва маҷрӯҳон 40 нафар ё 4,4 фоиз кам шудаанд. Дар баробари ин ӯ афзуд, ки теъдоди ҳалокшудагон 9 адад ё 3,2 фоиз зиёд гардидааст.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.