https://sputnik.tj/20211215/oqibatho-falokatbor-covid-19-1044170252.html
"Ба мағзи сар таъсир мерасонад": оқибатҳои фалокатбори COVID - 19
"Ба мағзи сар таъсир мерасонад": оқибатҳои фалокатбори COVID - 19
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси маъруфи ҷаҳонӣ гуфт, ки барои онҳое, ки аз COVID-19 шифо ёфтаанд, чӣ гуна мушкилот пеш омада метавонанд
2021-12-15T14:45+0500
2021-12-15T14:45+0500
2021-12-15T18:42+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
фалокат
оқибат
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0f/1044166546_0:275:2695:1791_1920x0_80_0_0_8d667a99528f434dafac7f718079f1a7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Коронавирус ба мағзи сари инсон таъсир мерасонад, ки дар асабоният, амнезия ва диққи нафас зоҳир мешавад, гуфт сардухтари Вазорати тандурустии Русия Зураб Кекелидзе дар мусоҳиба бо РБК. Дар аввал беморе, ки гирифтори коронавирус шудааст, намедонад, ки вирус метавонад ба ӯ зарар расонад. Аммо тавре мутахассис қайд мекунад, аксари одамон дар чунин вазъият имконоти худро нодуруст арзёбӣ мекунанд.Кекелидзе варзишкоронро мисол овард, ки дар давоми чанд дақиқаи баъд аз оғози тамрин ба мушкили нафаскашӣ дучор мешаванд, ки пеш мушоҳида намешуд. Духтур як аломати хоси баъдиковидиро қисман аз даст додани хотира номид. "Онҳое, ки бемор буданд, баъзе калимаҳоро фаромӯш мекунанд ва аз ҳад зиёд асабонӣ мешаванд", - гуфт ӯ.Ба гуфти ӯ, табибон муайян кардаанд, ҳангоми беморӣ дар гирифтори коронавирус таркиби хун - мағзи сар вайрон мешавад, ки барои ҳифзи мағзи сар аз микроорганизмҳо, токсинҳо, омилҳои ҳуҷайравӣ ва гуморалии масъуният пешбинӣ шудааст. Пешгӯии СҶБ: "Тундбоди ковидӣ" ҳамаро фаро хоҳад гирифтҚаблан роҳбари Агентии федералии биотиббии Русия Вероника Сквортсова гуфта буд, ки коронавирус равандҳои шабеҳи тағйири баданро, ки ба пиршавӣ хос аст, метезонад. Ба ақидаи ӯ, бояд дар бораи равишҳои нав дар муолиҷаи гирифторони COVID-19 хулоса бароварда шавад. Мутахассисон чунин мешуморанд, низоми махсусе лозим аст, ки барои барқарорсозии тамоми организм сохта шуда бошад. Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?Инчунин табибон дар саросари ҷаҳон қайд мекунанд, ки COVID-19 хатари бемории қалбро зиёд мекунад.
https://sputnik.tj/20211214/pir-mekunad-khatari-mudhishi-koronavirus--1044160576.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0f/1044166546_0:22:2695:2043_1920x0_80_0_0_c0d5b8f5cde76b0e36077aadc6b26099.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оқибатҳо, фалокатбор, covid - 19
оқибатҳо, фалокатбор, covid - 19
"Ба мағзи сар таъсир мерасонад": оқибатҳои фалокатбори COVID - 19
14:45 15.12.2021 (Навсозишуда: 18:42 15.12.2021) Коршиноси маъруфи ҷаҳонӣ гуфт, онҳое, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, ба чӣ мушкилоте мувоҷеҳ шаванд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Коронавирус ба мағзи сари инсон таъсир мерасонад, ки дар асабоният, амнезия ва диққи нафас зоҳир мешавад, гуфт сардухтари Вазорати тандурустии Русия Зураб Кекелидзе дар мусоҳиба бо РБК.
Дар аввал беморе, ки гирифтори коронавирус шудааст, намедонад, ки вирус метавонад ба ӯ зарар расонад. Аммо тавре мутахассис қайд мекунад, аксари одамон дар чунин вазъият имконоти худро нодуруст арзёбӣ мекунанд.
Кекелидзе варзишкоронро мисол овард, ки дар давоми чанд дақиқаи баъд аз оғози тамрин ба мушкили нафаскашӣ дучор мешаванд, ки пеш мушоҳида намешуд.
Духтур як аломати хоси баъдиковидиро қисман аз даст додани хотира номид. "Онҳое, ки бемор буданд, баъзе калимаҳоро фаромӯш мекунанд ва аз ҳад зиёд асабонӣ мешаванд", - гуфт ӯ.
"Дигар норасоиҳо низ вуҷуд доранд, ки мо ҳамчун табиб дар маҷмуъ дарк кардем, ки COVID ба мағзи сар таъсир мерасонад", - афзуд Кекелидзе.
Ба гуфти ӯ, табибон муайян кардаанд, ҳангоми беморӣ дар гирифтори коронавирус таркиби хун - мағзи сар вайрон мешавад, ки барои ҳифзи мағзи сар аз микроорганизмҳо, токсинҳо, омилҳои ҳуҷайравӣ ва гуморалии масъуният пешбинӣ шудааст.
Қаблан роҳбари Агентии федералии биотиббии Русия Вероника Сквортсова гуфта буд, ки коронавирус равандҳои шабеҳи тағйири баданро, ки ба пиршавӣ хос аст, метезонад.
Ба ақидаи ӯ, бояд дар бораи равишҳои нав дар муолиҷаи гирифторони COVID-19 хулоса бароварда шавад. Мутахассисон чунин мешуморанд, низоми махсусе лозим аст, ки барои барқарорсозии тамоми организм сохта шуда бошад.
Инчунин табибон дар саросари ҷаҳон қайд мекунанд, ки COVID-19 хатари бемории қалбро зиёд мекунад.