https://sputnik.tj/20211215/nakhustin-kumak-smm-afghoniston-1044178556.html
Пас аз ду моҳ: нахустин кумаки СММ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон фиристода шуд
Пас аз ду моҳ: нахустин кумаки СММ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон фиристода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мошинҳои боркаш ба Афғонистон ҳудуди 40 тонна кумак оварданд, ки аз он зарфҳои пластикии ошхона ва матои пластикӣ барои изолятсияи хонаҳо ё хаймаҳо истифода мешуданд.
2021-12-15T18:25+0500
2021-12-15T18:25+0500
2021-12-22T19:34+0500
афғонистон
смм
ӯзбекистон
кӯмаки башардӯстона
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/20/1022632086_0:87:1651:1015_1920x0_80_0_0_86045aa113cb6419108680145de6be3a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) рӯзи чаҳоршанбе ба Афғонистон аввалин қисмати кумакҳои башардӯстонаро фиристод, ки он аз моҳи октябр дар Тирмизи Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешуд, хабар медиҳад РИА "Новости". Тавре зикр мешавад, ин кумаки тақрибан 40-тоннаӣ аз зарфҳои пластикӣ барои ошхона ва плёнкаи полимерӣ, ки барои гарм кардани манзил ё хаймаҳо истифода мешавад, иборат буд.Интизор меравад, то охири сол ба Афғонистон парвозҳои нави борбарӣ барои интиқоли кумак роҳандозӣ шавад.Қаблан хабар дода шуд буд, ки маркази логистикии Ӯзбекистон "Termez Cargo Centre" миёнаҳои моҳи октябр аз Комиссариати олии паноҳандагони СММ 96 тонна кумак барои Афғонистон дарёфт кард, ки он аз маводи ниёзи аввал иборат аст.Аммо мақомоти Афғонистон барои воридоти он ба кишвар иҷоза надода буданд. Комиссариати умури паноҳандагони СММ тавзеҳ дод, ки корвони мошинҳои боркаш пас аз гирифтани иҷозаи мувофиқ ба самти Афғонистон ҳаракат хоҳанд кард. Авоили моҳи август толибон амалиёти худро ба муқобили қӯшунҳои ҳукуматии Афғонистон вусъат дода, 15 август ба Кобул ворид шуданд ва рӯзи дигар аз хотимаи ҷанг хабар доданд.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
https://sputnik.tj/20211007/kobulov-rusiya-kumak-bashardustona-afghoniston-1042705319.html
https://sputnik.tj/20210928/baroi-kumakhoi-bashardustona-ba-mardumi-afghoniston-13-milliard-dollar-niyoz-ast-1042547799.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/20/1022632086_91:0:1558:1100_1920x0_80_0_0_8d76c0e8a0daebc7bcd04a8b7b266163.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кумаки башардӯстона, тирмиз, смм
афғонистон, кумаки башардӯстона, тирмиз, смм
Пас аз ду моҳ: нахустин кумаки СММ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон фиристода шуд
18:25 15.12.2021 (Навсозишуда: 19:34 22.12.2021) Мошинҳои боркаш ҳудуди 40 тонна кумакро ба Афғонистон мунтақил карданд, ки аз зарфҳои пластикии ошхона ва матои пластикӣ барои гарм кардани хона ё хаймаҳо иборат буд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) рӯзи чаҳоршанбе ба Афғонистон аввалин қисмати кумакҳои башардӯстонаро фиристод, ки он аз моҳи октябр дар Тирмизи Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешуд, хабар медиҳад
РИА "Новости".
Тавре зикр мешавад, ин кумаки тақрибан 40-тоннаӣ аз зарфҳои пластикӣ барои ошхона ва плёнкаи полимерӣ, ки барои гарм кардани манзил ё хаймаҳо истифода мешавад, иборат буд.
Интизор меравад, то охири сол ба Афғонистон парвозҳои нави борбарӣ барои интиқоли кумак роҳандозӣ шавад.
Қаблан хабар дода шуд буд, ки маркази логистикии Ӯзбекистон "Termez Cargo Centre" миёнаҳои моҳи октябр аз Комиссариати олии паноҳандагони СММ 96 тонна кумак барои Афғонистон дарёфт кард, ки он аз маводи ниёзи аввал иборат аст.
Аммо мақомоти Афғонистон барои воридоти он ба кишвар иҷоза надода буданд.
Комиссариати умури паноҳандагони СММ тавзеҳ дод, ки корвони мошинҳои боркаш пас аз гирифтани иҷозаи мувофиқ ба самти Афғонистон ҳаракат хоҳанд кард.
Авоили моҳи август толибон амалиёти худро ба муқобили қӯшунҳои ҳукуматии Афғонистон вусъат дода, 15 август ба Кобул ворид шуданд ва рӯзи дигар аз хотимаи ҷанг хабар доданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.