Кобулов: Русия ба зудӣ кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро оғоз хоҳад кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДиректор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, ки кишвараш тасмим барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро иттихоз намуда ва ҷузъиёти он ба зудӣ мушаххас хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия, мудири бахши Осиё дар Вазорати умури хориҷии ин кишвар ба хабарнигорон гуфт, тасмими аслӣ дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз сӯйи Русия ба Афғонистон гирифта шудааст, ҷузъиёти таҳвили ин кумакҳо дар ҳоли баррасӣ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар посух ба ин суол, ки "оё Русия ба Афғонистон кумак хоҳад кард ва кай ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона ироа мешавад?", ӯ гуфт: “Кор бо чанд ниҳод идома дорад ва кумак ба Афғонистон расонида мешавад. Қарори бунёдӣ қабул шуд ва муассисаҳо кумакҳоро ҷамъоварӣ доранд".
Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълон кард, ки нисфи аҳолии Афғонистон ё 18 миллион нафар ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Люди в лагере нелегальных мигрантов из Афганистана на белорусско-польской границе возле деревни Уснар-Дольное - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Ӯзбекистону Чин қасд доранд, ба Афғонистон кумаки башардӯстона ирсол кунанд
Созмонҳои кумакрасони байналмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардаанд, ки фавран барои пешгирии "фоҷеаи инсонии дигар" дар Афғонистон пеш аз фарорасии зимистон ва сард шудани ҳаво амал кунанд.
Созмонҳои кумакрасон гуфтаанд, кишварҳое, ки ба Афғонистон ваъда додаанд, бояд пеш аз фаро расидани зимистон ва пеш аз он ки дер шавад, ба ваъдаҳои худ вафо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0