Баҳси санҷишу дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ

© Фото : Центр Льва ГумилёваПервый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар Тоҷикистон таҳти раёсати ноиби сарвазир Давлаталӣ Саид бурду бохт дар ин хусусро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ислоҳот теъдоди мақомоти санҷишӣ дар кишвар аз 31 то 26 адад кам гардида, шумораи санҷишҳо низ коҳиш ёфтааст.
Манбаъ афзуд, тибқи нақшаи мувофиқашуда бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, соли 2021 дар маҷмуъ 41,3 ҳазор санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шудааст.
"Ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 зиёда аз 2,4 ҳазор, нисбат ба соли 2019 зиёда аз 6,7 ҳазор, нисбат ба соли 2018 тақрибан 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017 беш аз 30,6 ҳазор санҷиш кам мебошад", - хабар додаст "Ховар" аз қавли масъулини Шӯро.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд
Дар ҷаласа таъкид кардааст, ки ислоҳот дар ин бахш идома дода шаванду ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҷилавгирӣ гарданд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тайи солҳои охир барои коҳиши санҷишҳо ва ҷилавгирӣ аз дахолати беасос ба фаъолияти бахши хусусӣ теъдоди мақомоти санҷанда ва шумораи санҷишҳо майл ба коҳиш ниҳодаст.
Лентаи хабарҳо
0