https://sputnik.tj/20211206/munoqisha-margbor-noboligh-zindon-mahkum-1043970716.html
Муноқишаи маргбор: ноболиғ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд
Муноқишаи маргбор: ноболиғ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон аз сокини ноболиғро барои даст доштанаш дар куштор ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст
2021-12-06T16:35+0500
2021-12-06T16:35+0500
2021-12-06T20:33+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷазо
шикоят ба додгоҳ
мурофиа
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Муноқишаи гурӯҳии ноболиғон дар шаҳри Душанбе бо марги як ноболиғ ва ҳукми зиндони навраси дигар анҷомид, хабар дод Додситонии кулли Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи Олӣ як наврасро дар куштор гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Манбаъ тавзеҳ дод, ки қазия аз он оғоз шуд, ки шоми 20-уми апрели соли равон ноболиғ аз тариқи ҳамсинфаш дарак меёбад, ки сокинони кӯчаи Айнӣ бародари ӯро латукӯб мекунанд. Ӯ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар кӯчаи Айнӣ шоҳиди муноқишаи ноболиғон шуда, ба тарафи чаппи синаи яке аз иштирокдорони муноқиша корд задааст, омадааст дар иттилоия. Дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст. Додситонӣ дар пайи таҳқиқи қазия парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Бар асоси иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи Олии кишвар аввали моҳи равон дар пайи ин қазия навраси муттаҳамро ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Таъкид шудааст, ки маҳкумшуда ин муҳлатро дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ паси сар хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20211206/kushtor-hamsarro-bughi-amak-qatl-1043969136.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муноқиша, маргбор, ноболиғон, озодӣ, маҳрумият
муноқиша, маргбор, ноболиғон, озодӣ, маҳрумият
Муноқишаи маргбор: ноболиғ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд
16:35 06.12.2021 (Навсозишуда: 20:33 06.12.2021) Додгоҳи Олии Тоҷикистон як сокини ноболиғро барои даст доштанаш дар куштор ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Муноқишаи гурӯҳии ноболиғон дар шаҳри Душанбе бо марги як ноболиғ ва ҳукми зиндони навраси дигар анҷомид, хабар дод Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи Олӣ як наврасро дар куштор гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки қазия аз он оғоз шуд, ки шоми 20-уми апрели соли равон ноболиғ аз тариқи ҳамсинфаш дарак меёбад, ки сокинони кӯчаи Айнӣ бародари ӯро латукӯб мекунанд.
Ӯ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар кӯчаи Айнӣ шоҳиди муноқишаи ноболиғон шуда, ба тарафи чаппи синаи яке аз иштирокдорони муноқиша корд задааст, омадааст дар иттилоия. Дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Додситонӣ дар пайи таҳқиқи қазия парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.
Бар асоси иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи Олии кишвар аввали моҳи равон дар пайи ин қазия навраси муттаҳамро ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Таъкид шудааст, ки маҳкумшуда ин муҳлатро дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ паси сар хоҳад кард.