Ҳабси сокини Душанбе барои азият додани ҳамсару фарзанди маъюбаш дар ҳолати мастӣ

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСтенд с винами, архивное фото
Стенд с винами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе аз ҳабси маъмурии як сокини бадмасти пойтахт хабар додаанд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маъмурини милиса дар шаҳри Душанбе сокини 54-солаи ин шаҳрро боздошт намудаанд, ки дар озори аъзои оилааш айбдор мешавад
Ба иттилои Раёсати умури дохилии пойтахт, муайян шудааст, ки сокини 54-солаи кӯчаи Восеъ пайваста ба нӯшидани машрубот машғул шуда, муҳити носолими оилавиро ба миён овардааст.
"Муайян гардид, ки номбурда дар ҳолати мастӣ пайваста тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамсар ва писари маъюби худро дар назди атрофиёну ҳамсояҳо мавриди озору азият қарор медодааст", - омадааст дар иттилоия.
Руки пожилой женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Ҷазои ду сокини Душанбе барои дашноми модар
Аз рӯи ин ҳолат нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 460-и Кодекси маъмурӣ, барои майдаавбошӣ парванда тартиб дода шуда, барояш ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъйин гардид. Назари бевоситаи муттаҳам дар бораи иттиҳому ҷазои таъйиншуда маълум нест.
Мақомот хотиррасон намудаанд, ки аз меъёр зиёд нӯшидани машруботи спиртӣ дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуш анҷомида, ҳолатҳое мавҷуданд, ки шаҳрвандон дар ҳолати мастӣ даст ба ҷиноятҳои сангин задаанд. Таъкид шудааст, ки майзадагӣ дар бисёри маврид боиси муҳити носолими оила ва хушунати хонаводагӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0