Ҷазои ду сокини Душанбе барои дашноми модар

CC0 / Pixabay / congerdesign / Руки пожилой женщины, архивное фото
Руки пожилой женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз муҷозоти ду марде хабар доданд, ки дар озори модарашон айбдор дониста шудаанд
ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Мақомоти милиса шикояти як модар аз фарзанди 48-солаашро баррасӣ карданд, хабар дод Раёсати умури дохилии Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки марди 48-сола, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Ғафуров дар манзили истиқоматиаш бо модараш ҷанҷол намудааст.
Таъкид шудааст, ки писар модарро мавриди дашномҳои қабеҳ қарор додааст ва дар идораи милиса ба гуноҳи содирнамудааш иқрор гардидааст. Муттаҳам ваъда додааст, ки дигар чунин рафтор такрор нахоҳад шуд.
Невеста, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Чаро ман барои хушдоманам арӯси бад шудам: маслиҳати равоншинос
Манбаъ афзуд, бо қарори додгоҳ ин шаҳрванд барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум гардид.
Ба ин монанд дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино ба идораи милиса дастрас карда шудааст.
Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намудааст.
Лентаи хабарҳо
0