https://sputnik.tj/20211213/blinken-payvastan-ukraina-nato-1044127691.html
Блинкен шарти пайвастани Украина ба НАТО-ро гуфт
Блинкен шарти пайвастани Украина ба НАТО-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Украина метавонад дар пайвастан ба НАТО пешрафте ҳосил кунад, изҳор дошт, котиби давлатии ИМА, Энтони Блинкен.
2021-12-13T20:50+0500
2021-12-13T20:50+0500
2024-10-24T16:41+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
нато
узвият
украина
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032736862_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_a2fd3b4a24803a69c145762b4b32973b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дарҳои эътилофи НАТО барои қабули Украина бозанд, изҳор доштааст Блинкен дар мусоҳиба бо NBC. "Эътилоф ҳанӯз соли 2008-ум тасдиқ кард, ки барои пазируфтани Украина ва Гурҷистон боз аст. Агар онҳо хоҳони узвиятанд ва ба талабот мувофиқ бошанд, метавонанд ҳалли масъаларо наздик созанд", - иқтибос овардааст аз қавли дипломат РИА "Новости". Маврид ба зикр аст, ки Радаи Олии Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми давлати бетааҳҳуд ба паймонҳо даст кашида буд. Моҳи феврали 2019 парлумони Украина тағйирот ба Конститутсияро қабул намуд, ки майли ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро муқаррар кард. Украина шашумин давлате мебошад, ки мақоми шарики НАТО бо имкониятҳои фарохро ба даст оварда. Дабири пешини НАТО Андерс Фог Расмуссен қаблан гуфта буд, ки барои пайвастан ба НАТО Украинаро зарур аст, ба бархе меъёрҳо даст ёбад, ки барои амалӣ сохтани онҳо вақти зиёд зарур аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Киев дар 20 соли наздик наметавонад довталаби узвият дар НАТО бошад. Ин дар ҳолест, ки ахиран Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти онлайнии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден буд. Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ҳавасмандияшро барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён кардааст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад, то шароити рушди кишвар фароҳам бошад.
https://sputnik.tj/20211208/khathoi-qirmizi-tahdid-amniyat-ukraina-1044022465.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032736862_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_3cb6d83322ad02e1bd79ec2b49f7d80c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, нато, блинкен, има, пешрафт, узвият
украина, нато, блинкен, има, пешрафт, узвият
Блинкен шарти пайвастани Украина ба НАТО-ро гуфт
20:50 13.12.2021 (Навсозишуда: 16:41 24.10.2024) Украина метавонад дар пайвастан ба НАТО пешрафте ҳосил кунад, изҳор кард, котиби давлатии ИМА, Энтони Блинкен.
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дарҳои эътилофи НАТО барои қабули Украина бозанд, изҳор доштааст Блинкен дар мусоҳиба бо NBC.
"Эътилоф ҳанӯз соли 2008-ум тасдиқ кард, ки барои пазируфтани Украина ва Гурҷистон боз аст. Агар онҳо хоҳони узвиятанд ва ба талабот мувофиқ бошанд, метавонанд ҳалли масъаларо наздик созанд", - иқтибос овардааст аз қавли дипломат РИА "Новости".
Маврид ба зикр аст, ки Радаи Олии Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми давлати бетааҳҳуд ба паймонҳо даст кашида буд. Моҳи феврали 2019 парлумони Украина тағйирот ба Конститутсияро қабул намуд, ки майли ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро муқаррар кард. Украина шашумин давлате мебошад, ки мақоми шарики НАТО бо имкониятҳои фарохро ба даст оварда.
Дабири пешини НАТО Андерс Фог Расмуссен қаблан гуфта буд, ки барои пайвастан ба НАТО Украинаро зарур аст, ба бархе меъёрҳо даст ёбад, ки барои амалӣ сохтани онҳо вақти зиёд зарур аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Киев дар 20 соли наздик наметавонад довталаби узвият дар НАТО бошад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти онлайнии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден буд.
Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ҳавасмандияшро барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён кардааст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад, то шароити рушди кишвар фароҳам бошад.