Заҳролудшавии 35 нафар дар Суғд баъди истеъмоли гӯшт: Воҳидов вазъи беморонро шарҳ дод

© Sputnik / Константин ЧалабовКуры гриль
Куры гриль   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Қисми зиёди заҳролудшудаҳо рухсат шуда, тавсияҳои лозимро гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи масмумияти сокинон дар пайи истеъмоли гӯшти пӯхтаи мурғ (грил)-ро шарҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта беш аз 35 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаҳо муроҷиат карданд, ки миёнашон хурдсолон низ буданд. Хушбахтона, дар пайи ин ҳодиса касе нафавтидааст.
Ҳоло аксари онҳо рухсат ва тавсия дода шуданд, ки дар зимни сарфи ғизо аз эҳтиёт кор бигиранд, аммо танҳо чаҳор нафаре аз эшон дар беморхонаанд, афзуд манбаъ.
Ӯ гуфт, беморонро дар беморхонаи сироятии ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ кардаанд ва ҳоло вазъашон рӯ ба беҳбудӣ дорад.

"Ҳоло чор сокини шаҳри Хуҷанд ва сокинони ҷамоатҳои Ғозиёну Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо оризаҳои зиёд ба беморхона интиқол ёфтаанд, табобат мегиранд. Вазъи онҳо низ хуб аст ва пас аз анҷоми табобат, рӯзҳои наздик рухсат мешаванд",- гуфт Азаматхӯҷа Воҳидов.

Ба гуфтаи раҳбари идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, сокинон гӯшти пӯхтаи мурғро дар нуқтаи назди "Афғонбозор"-и Хуҷанд, ки ба соҳибкор Муҳсин Тоҷибоев тааллуқ дорад, истеъмол кардаанд.
Ҳодисаи заҳролудшавӣ дар пайи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин нуқтаи фурӯш сар зада, ҳоло нисбат ба ин соҳибкор санад тартиб дода шудааст.
Соленые помидоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Дар Хатлон 9 нафар, аъзои як хонавода заҳролуд шуданд
Номбурда гуфт, баъди ин воқеа фаъолияти соҳибкорро қатъ, ҳуҷҷати иҷозаи фаъолияташро бозхонд кардаву дари корхонаашро муҳр задаанд.
Як манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин қазия аз ҷониби додситонии шаҳрӣ низ таҳқиқ мешавад.
Ёдовар мешавем, моҳи ноябр нуҳ сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон низ дар пайи истеъмоли консерва заҳролуд шуда буданд, ки аз ҳама фарди хурди заҳролудшуда шаш, калонашон 64-сола ва ҳама аъзои як хонавода буданд.
Лентаи хабарҳо
0