Дар Хатлон 9 нафар, аъзои як хонавода заҳролуд шуданд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСоленые помидоры
Соленые помидоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Обуна шудан
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аъзои як хонавода бо ташхиси заҳролудшавӣ бистарӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Муъминобод як ҳодисаи заҳролудшавӣ аз консерва сабт шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳодиса нуҳ нафарро бо нишонаҳои заҳролудшавии шадид фавран ба беморхонаи бемориҳои сироятии Кӯлоб интиқол додаанд.
Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Шулулуи ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод буда, аллакай заҳролудшавӣ дар онҳо ташхис шудааст, афзудааст КҲФ
Гуфта мешавад, аз ҳама фарди хурди заҳролудшуда 6 ва калонашон 64-сола буда, ҳамагӣ аъзои як хонаводаанд.
Ҳоло беморон дар беморхона бистарӣ буда, дар он ҷо табобати мувофиқ мегиранд.
Мигранты у здания УФМС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Заҳролудшавии муҳоҷирон дар ҳостели Маскав: яке ҷон бохт - акс
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шарҳ дод, ки вазъи онҳо қаноатбахш арзёбӣ шуда, ҳаёташонро хатари ҷиддие таҳдид намекунад.
Дар баробари ин кумита бори дигар аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки қоидаҳои гигиенӣ ва омодаву истеъмоли маҳсулоти консервшударо донанд ва риоя намоянд.
Наҷотдиҳандагон ёдовар шуданд, ки дар ҳоли пайдоиши аввалин аломати заҳролудшавӣ аз ғизо бояд фавран мошини ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0