Путин гуфт, барои таъмини зиндагӣ мусофирбарӣ мекард

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, дар замони мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар чӣ кор мекард, то рӯзгорашро таъмин намояд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Президенти Русия гуфт, дар солҳои 90-уми асри гузашта барои гирифтани даромади иловагӣ мусофирбарӣ мекард.
Ин гуфтаи раисҷумҳурро шабакаи телевизионии "Россия 24" зимни муаррифии филми "Таърихи навин" нашр кард. Путин афзуд, ки ин кори иловагӣ аз ночорӣ буд.

"Баъзан ночор ба мусофирбарӣ машғул мешудам. Суҳбат дар ин бора гуворо нест, аммо мутаассифона, чунин ҳам буд", - таъкид кард роҳбари Русия.

Баранда дар ин филм мегӯяд, солҳои 90-уми асри гузашта дар Русия вазъ сангин буд ва бисёре аз мутахассисон бо мушкилӣ қути лоямуташонро пайдо мекарданд.
Ба ақидаи Путин, дар пайи сиёсати номуваффақи иқтисодӣ давлати шӯравӣ пош хӯрд.
Ӯ таъкид намуд, ки натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ "бадтар аз он шуд, ки одамон фикр мекарданду дар гумонҳои бадтаринашон метавонистанд онро тасаввур намоянд".
Мигрант убирает снег в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Тоҷикистон аз рӯи шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҷои дувум қарор гирифт
Маврид ба зикр аст, ки дар филми мустанади Андрей Кондрашев Путин аз омодагияш барои дохил шудан ба кор ба ҳайси ронандаи мусофирбар дар Санкт - Петербург гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки чунин фикрҳоро баъди рафтан аз кор дар шаҳрдорӣ дошт.
Дар охири солҳои 1990-ум маъмури раисҷумҳур ба Путин пешниҳод кардааст, ки ба Маскав ояд. Ӯ розӣ шудааст, чун кори дигаре надоштааст.
Лентаи хабарҳо
0