Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард: навори нокаут

Обуна шудан
Дар мусобиқаи "Eagle" FC 43 муборизи маъруфи тоҷик Фаридун Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард
Дар Маскав ахиран мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи "Eagle" FC 43 баргузор шуд, ки дар он размкори 29-солаи тоҷик Фаридун Одилов бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес вохӯрд.
Мубориза се дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
Аз ибтидои набард варзишкори тоҷик бартарии бештар нишон дод, ки дар натиҷа доварон нокаути техникӣ эълон карданд ва пирӯзиро ба Одилов доданд.
Қобили зикр аст, ки дар рафти набард дастгирии мухлисони тоҷик эҳсос мегашт. Давоми тамоми задухӯрд мухлисон аз толор Фаридун садо мекарданд.
Дар мусоҳибаи баъди рақобат низ Одилов аз онҳо изҳори сипос карда гуфт, чун тоҷикон ҳеҷ варзишгари дигаре чунин ҳаводор надорад.
Фаридун Одилов дар вазни миёна баромад мекунад. Ӯ 83 кило вазн дошта, қадаш 180 сантиметр аст.
Ин шашумин ғалабаи пайдарпайи Одилов ва дар умум пирӯзии 12-ум буд. Варзишгар дар тамоми фаъолияти худ ҳамагӣ ду бор шикаст хӯрдааст ва як мусовӣ дорад.
Интизор меравад, ки рақиби навбатии Одилов Александр Шлеменко бошад. Набард бояд дар моҳи март ё апрели соли 2022 баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0