https://sputnik.tj/20211211/rusiya-marz-tojikiston-bo-tank-1044085707.html
Русия марзи Тоҷикистонро бо танкҳо таҳким бахшид: видео
Русия марзи Тоҷикистонро бо танкҳо таҳким бахшид: видео
Sputnik Тоҷикистон
Маросими тақдими мошинҳои ҷангии нав дар маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд 11.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-11T11:40+0500
2021-12-11T11:40+0500
2021-12-13T11:29+0500
видео
дар тоҷикистон
армия
қувваҳои мусаллаҳ
пойгоҳи 201
танк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044077889_0:0:2560:1440_1920x0_80_0_0_ab245199c12fe6b24a07d5fb9285deb7.jpg
Ба низомиён мошинҳои ҷангии Т-72В3М ва дигар техникаи дифоӣ тақдим шуд. Дар ояндаи наздик танкронҳоро бозомӯзии густарда интизор аст. Онҳо истифода аз намунаҳои нави таҷҳизотро меомӯзанд ва ҳамчунин омӯзише барои иртиқои тахассуси ронандагони мошинҳои ҷангӣ низ дар назар аст.Илова бар ин аз танкҳои нав дар машқҳои мухталифи пойгоҳи 201-ум, аз ҷумла бо дигар воҳидҳои ин сохтор истифода хоҳанд шуд.Пешгирии ҳамлаи "мусаллаҳона" ба пойгоҳи 201-умБа гуфти генерал-полковник Александр Лапин, дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҷмуае аз тадбирҳо амалӣ мешавад, ки бояд сатҳи омодагии ҷангии онро боло барад. Таҷҳизоти нав 6 декабр ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия мунтақил шуд. Пойгоҳи низомии Русия беш аз сӣ танки муосири T-72B3M-и беҳинасозишуда дарёфт кард. Чанде пеш се баталони тирандози савораи пойгоҳи 201-ум аслиҳаи куҳнаи худро бо техникаи муосири низомии БМП-2М ва БТР-82А иваз кард. Пойгоҳи 201-и Русия дарси омодагиҳои ҷангиро ду баробар зиёд мекунадПойгоҳи низомии 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар ба шумор меравад.Он дар ҳудуди ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044077889_69:0:1989:1440_1920x0_80_0_0_2bcbc0e0665955e3d063e001cc144a9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марзи тоҷикистон, танкҳо, таҳким бахшидан
марзи тоҷикистон, танкҳо, таҳким бахшидан
Русия марзи Тоҷикистонро бо танкҳо таҳким бахшид: видео
11:40 11.12.2021 (Навсозишуда: 11:29 13.12.2021) Маросими тақдими мошинҳои ҷангии нав дар маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд
Ба низомиён мошинҳои ҷангии Т-72В3М ва дигар техникаи дифоӣ тақдим шуд.
Дар ояндаи наздик танкронҳоро бозомӯзии густарда интизор аст. Онҳо истифода аз намунаҳои нави таҷҳизотро меомӯзанд ва ҳамчунин омӯзише барои иртиқои тахассуси ронандагони мошинҳои ҷангӣ низ дар назар аст.
Илова бар ин аз танкҳои нав дар машқҳои мухталифи пойгоҳи 201-ум, аз ҷумла бо дигар воҳидҳои ин сохтор истифода хоҳанд шуд.
Ба гуфти генерал-полковник Александр Лапин, дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҷмуае аз тадбирҳо амалӣ мешавад, ки бояд сатҳи омодагии ҷангии онро боло барад.
Таҷҳизоти нав 6 декабр ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия мунтақил шуд. Пойгоҳи низомии Русия беш аз сӣ танки муосири T-72B3M-и беҳинасозишуда дарёфт кард.
Чанде пеш се баталони тирандози савораи пойгоҳи 201-ум аслиҳаи куҳнаи худро бо техникаи муосири низомии БМП-2М ва БТР-82А иваз кард.
Пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар ба шумор меравад.
Он дар ҳудуди ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.