Одилов Торресро шикаст доду камарбанди қаҳрамонияшро ҳимоя кард

© Акс аз бойгонии Фаридун Одилов Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Фаридун Одилов, размкори шинохтаи тоҷик камарбанди қаҳрамонияшро ҳимоят кард
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар мусобиқотии "Eagle" FC 43 размкори номовари тоҷик Фаридун Одилов нагузошт, ки камарбанди қаҳрамонияшро дигар нафар соҳиб шавад.
Набарди Одилов барои ҳимояти камарбандаш шоми гузашта бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес дар Русия барпо шуд.
Одилов дар даври аввал рақибашро бо нокаути техникӣ шикаст дод.
Ҳарчанд аз ҳарифи испании Одилов, ки дар корномааш 23 ғалаба, 11 бохт ва як мусовӣ дорад, чун рақиби сарсахт муаррифӣ карданд, маҳорати размкори тоҷик боло гирифт.
Одилов аз оғози рақобат бо ҳамлаҳои қавию нишонрас дар баробари ҳарифаш бартарӣ дошт.
Охирин рақобати Одилови 29-сола моҳи феврали соли 2021 дар мусобиқаи "Eagle Fighting Championship 33" буд, ки дар он Сергей Калининро шикаст дода буд.
Ҳамакнун Одилов дар корномаи варзишияш 12 бурд ва ду шикаст дорад.
Набарди баъдии размкори тоҷик соли 2022, пеш аз моҳи Рамазон баргузор хоҳад гашт.
Лентаи хабарҳо
0