https://sputnik.tj/20211211/khiyobon-khotira-toshkand-tabibon-covid-19-1044092805.html
Таъсиси Хиёбони хотира дар Тошканд барои гиромидошти табибоне, ки аз COVID-19 фавтиданд
Таъсиси Хиёбони хотира дар Тошканд барои гиромидошти табибоне, ки аз COVID-19 фавтиданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба хотири гиромидошти табибоне, ки дар мубориза бар зидди коронавирус фавтиданд, дар боғи ғалабаи Тошканд Хиёбони хотира ташкил карда шуд.
2021-12-11T18:30+0500
2021-12-11T18:30+0500
2021-12-13T14:08+0500
тандурустӣ
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/02/1030980288_0:0:2952:1662_1920x0_80_0_0_d0d82cd5c593c02f00010341e27702a7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маросими гиромидошти табибони дар мубориза бо коронавирус фавтида, субҳи 11-уми декабр оғоз шуда, дар он мақомҳои баланди Ӯзекистон ширкат кардаанд.Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон, дар ин макон 61 бех ниҳоли чинор, қайроғоч ва акатсия шинонида шуда, дар назди дарахтон лавҳаҳое бо номи табибон гузошта шудаанд.Дар лавҳаҳо инчунин рамзи QR код нишон дода шудааст, ки тавассути он метавон дар бораи табиби фавтида маълумот гирифт.Дар Ӯзбекистон низ теъдоди дақиқи табибони фавтида аз коронавирус нашр нашудааст.Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар соли 2020 дар ин кишвар 485 табиб ва корманди соҳаи тиб аз коронавирусу бемориҳои марбут ба он даргузашт.Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар ин кишвар 195 524 ҳолати мубтало ба коронавирус ошкор шуда, 1 434 нафар фавтида ва ҳамчунин 192 260 нафар шифо ёфтааст.
https://sputnik.tj/20211209/uzbekiston-kudakon-alayhi-koronavirus-moyakubi-1044041963.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/02/1030980288_221:0:2952:2048_1920x0_80_0_0_99c2b65aed8d699bd97d4b2915afd56c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хиёбон хотира тошканд табибон covid-19 фавтида
хиёбон хотира тошканд табибон covid-19 фавтида
Таъсиси Хиёбони хотира дар Тошканд барои гиромидошти табибоне, ки аз COVID-19 фавтиданд
18:30 11.12.2021 (Навсозишуда: 14:08 13.12.2021) Ба хотири гиромидошти табибоне, ки дар мубориза бар зидди коронавирус фавтиданд, дар Боғи ғалабаи Тошканд Хиёбони хотира рӯнамоӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маросими гиромидошти табибони дар мубориза бо коронавирус фавтида, субҳи 11-уми декабр оғоз шуда, дар он мақомҳои баланди Ӯзекистон ширкат кардаанд.
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон, дар ин макон 61 бех ниҳоли чинор, қайроғоч ва акатсия шинонида шуда, дар назди дарахтон лавҳаҳое бо номи табибон гузошта шудаанд.
Дар лавҳаҳо инчунин рамзи QR код нишон дода шудааст, ки тавассути он метавон дар бораи табиби фавтида маълумот гирифт.
Дар Ӯзбекистон низ теъдоди дақиқи табибони фавтида аз коронавирус нашр нашудааст.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар соли 2020 дар ин кишвар 485 табиб ва корманди соҳаи тиб аз коронавирусу бемориҳои марбут ба он даргузашт.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар ин кишвар 195 524 ҳолати мубтало ба коронавирус ошкор шуда, 1 434 нафар фавтида ва ҳамчунин 192 260 нафар шифо ёфтааст.