"Мӯйҳои ношустаро пинҳон мекунад": Интиқоди Лола Юлдошева аз пешниҳоди вазир - акс

© LOLA Yuldasheva fan club / FacebookПевица Лола Юлдашева
Певица Лола Юлдашева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Сароянда ба вазири фарҳанг пешниҳоди дигаре ироа кард
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Овозхони ӯзбек Лола Юлдошева ташаббуси вазири фарҳанг Озодбек Назарбековро дар бораи пӯшидани ҳатмии тоқӣ арзёбӣ кард.
Қаблан Назарбеков гуфта буд, ки ҳоло кормандони ин идора дар ҷои кор дуппӣ - чизе мисли тоқӣ, ки нишоне аз либоси миллии ӯзбекӣ гуфта мешавад, мепӯшанд.
"Бо ин иқдом мо мекӯшем, ки дар тарғиби анъанаҳои миллӣ намунаи ибрат бошем", - гуфт вазир.
Дар ин росто Юлдошева дар "Instagram "як паёми истеҳзоомез нашр кард, ки дар он дар назди муштариён бо балаклаваи зард намудор шудааст.
Сароянда шӯхӣ кардааст, чунин печонидани сару рӯяш имкон медиҳад, ки сари ношуста, мӯйи ношуста, мӯйи сафед пинҳон бошад.
Аммо Вазорати фарҳанг ин навъ "сарпӯш"-ро дастгирӣ намекунад, таъкид кардааст Юлдошева.
Дар шарҳҳо бештари корбарон аз изҳори назари Назарбеков интиқод карда, истеҳзои ин ситораро хуш пазируфтаанд.
Ёдрас менамоем, вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков пешниҳод кард, ки дар ҷои кор фарҳангиён ва ҳамаи онҳое, ки худро ватандӯст мешуморанд, тоқӣ пӯшанд.
Чунин пешниҳоди вазир миёни мардум вокунишҳои зидду нақизеро ба бор овард.
Лентаи хабарҳо
0