Инфиҷори канори Панҷ: комиссариати толибон дар Ишкошим пурра сӯхт

© Sputnik / Валерий ЯрмоленкоГраница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото
Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Дар пайи як инфиҷори нерӯманд комиссариати нерӯҳои марзбонии “Толибон” дар марз бо Тоҷикистон пурра ба коми оташ рафтааст
ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Толибон дар ин робита ба марзбонони тоҷик тамос гирифта, хабар доданд, ки ҷое барои нигаронӣ нест.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли Мавлавӣ Иброҳим, фармондеҳи амнияти Ишкошим, ки аз Малангоби Баҳорак ва афроди Мавлавӣ Амонуддин аст, хабар медиҳад, як инфиҷор шаби нуҳум ба 10-уми декабр дар бинои комиссариати сарҳадии Толибон, воқеъ дар минтақаи Дорунди маркази вулусволӣ ва канори дарёи Панҷ ба вуқуъ пайвастааст.

“Дар ин инфиҷор тамоми таҷҳизоти комиссариат оташ гирифта, талафоти ҷонӣ аз миёни толибон надоштааст. Мавлавӣ Ҳаётуллоҳ, вулусволи Ишкошим ба тобеонаш гуфтааст, ки аз афтодани ҷузъиёти инфиҷор ба дасти расонаҳо ҷилавгирӣ кунанд”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, ки толибон барои маҳори он аз марзбонони тоҷик кӯмак хостанд, аммо онҳо ҳеҷ кӯмаке накарданд.
Нерӯҳои марзбонии тоҷик дар Бадахшони Тоҷикистон низ вуқуи як инфиҷор дар соҳили муқобили Ишкошими Тоҷикистонро таъйид карданд, аммо гуфтанд, ки толибон аз онҳо кӯмак нахостаанд.
Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бино ба иттилое, ки худи толибон додаанд, дар пойгоҳи марзӣ (КПП)-ашон, ки дутабақа будааст, аз расиши кӯтоҳи симҳои барқ сӯхтор ба амал омада ва оташ ба сандуқҳои тири онҳо расидаву таркиш ба амал омадааст.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Толибон мегӯянд, ба зудӣ дар марзҳо нерӯҳои вижаро ҷо ба ҷо мекунанд
“Онҳо ба марзбонони мо тамос гирифта, хабар доданд, ки хавотир нашавед, ягон ҷанг ё даргирӣ нест, фақат ҳодисаи нохуш аст”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол манобеъ дар Ишкошими Бадахшон мегӯянд, ин овозаҳо низ вуҷуд дорад, ки инфиҷор як барномаи аз қабл тарҳрезишуда буда.

“Мегӯянд, ки комиссариатро касе оташ задааст. Толибон ҳам як – ду нафарро "сур куну пеш кун" кардаанд, аммо дастгир карда натавонистаанд. Гӯё ин кори дасти бачаҳои муқовимат будааст”, - гуфт манбаъ.

Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон даст доштани нерӯҳояшон дар ин инфиҷорро рад карда, гуфт, дар Ишкошим ягон нерӯ ва аз ин ҳодиса ҳам аслан хабар надоранд.
Ба ҳамин минвол то ин лаҳза толибон низ расман баёнияе дар ин маврид нашр накардаанд ва ягон фарду гурӯҳе низ масъулият онро ба дӯш нагирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0