Пуштибонии Москалкова аз исқоти ҳамли занон

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкУполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова
Уполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Ваколатдори ҳуқуқи инсон Москалкова мегӯяд, ҳолатҳои зиёд мешавад, ки зан кӯдакашро тарбия карда наметавонад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия гуфт, вай мухолифи исқоти ҳамл нест, зеро шумораи зиёди ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки зан наметавонад фарзандашро тарбия кунад, менависад РИА "Новости".

"Ин як масъалаи хеле душвор ва ҷиддӣ аст, ки боиси баҳсҳои шадидтарин мешавад... Ман зидди исқоти ҳамл нестам, зеро мо ҳолатҳои зиёдеро медонем, ки зан фарзандашро тарбия карда наметавонад", - гуфт ӯ.

Ба қавли ваколатдори ҳуқуқи инсон, ин тасмими ҷиддӣ аст ва ягон зан сар-сарӣ чунин тасмим намегирад.
"Зан вазъияти зиндагиашро баркашида, чунин тасмим мегирад", - гуфт Москалкова дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии ба номи О.Е. Кутафин дар посух ба саволи донишҷӯе, ки пурсид, исқоти ҳамлро нақзи ҳуқуқи инсон номидан мумкин аст ё не.
Работа ковид-госпиталя в Белгородской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Дар Ҳиндустон навзодро барои духтар буданаш ба дарё андохтанд: тифл наҷот ёфт
Дар ҳамин ҳол Москалкова таъкид кард, ки пас аз давраи муайяни ҳомиладорӣ исқоти ҳамл комилан ғайриимкон аст.
"Агар мо зиндагии нав бахшем, пас аз ин исқоти ҳамл мамнуъ аст. Ин бояд як чизи муқаррарӣ бошад", - афзуд омбудсмен.
Вай ҳамчунин қайд кард, аёдати кӯдаконе, ки волидонашон онҳоро дар ятимхонаҳо мондаанд, хеле мушкил аст.
Лентаи хабарҳо
0