https://sputnik.tj/20210618/hinduston-navzod-dkuhtar-daryo-najot-1040295414.html
Дар Ҳиндустон навзодро барои духтар буданаш ба дарё андохтанд: тифл наҷот ёфт
Дар Ҳиндустон навзодро барои духтар буданаш ба дарё андохтанд: тифл наҷот ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ё хушбахтона наҷот ёфт
2021-06-18T15:37+0500
2021-06-18T15:37+0500
2021-06-18T16:13+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
тифл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/01/1032567915_0:413:2907:2048_1920x0_80_0_0_48bcab9c5fc5e92c7e75e302bf47043f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Ҳиндустин тифли навзодеро, ки эҳтимол барои духтарак буданаш ба дарё партофтанд, наҷот доданд, хабар дода шудааст дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, як қаиқрон дар иёлоти Уттар-Прадеш, воқеъ дар шимоли Ҳинд муваффақ ба ин шудааст, ки як навзоди духтарро, ки дар дохили як қутии чӯбӣ дар оби дарёи Ганг шино мекард, наҷот диҳад. Ин қаиқрон, ки аз ӯ Голлу Ҷаудҳар ном бурда мешавад, гуфтааст, ки гиряи ин тифли 21-рӯза ӯро водор кард, ки ба самти қутии чӯбӣ заврақ ронад ва онро ба соҳил кашидаву наҷот диҳад.Ин навзод дар як рӯсарии сурх печонида шудаву дар қуттӣ гузошта шудааст ва дар як варақи дигар ҳамчунин солу рӯзи таваллуд ва ҳатто номи ӯ низ навишта шудааст.Рӯ ва дохили қуттӣ бо тасвири худоёни ҳинду оро дода шуда буд. Соҳиби духтар ӯро ба шарафи дарёи Ганг, ки як рӯди муқаддас ҳам барои ҳиндуҳо мебошад, номи ӯро Ганга гузоштааст.Қаиқрон Голлу гуфтааст, ки дар соҳил бисёриҳо нолаву гиряи тифлро шуниданд, вале касе талош накард ба вай ёрӣ расонад.Голлу аввал ӯро ба хона овардааст ва баъдан аз вай ӯро пулис гирифта ва сипас ба хадамоти иҷтимоӣ супурдаанд. Дар айни замон духтарча дар бемористон аст ва таҳти назорати духтурон қарор дорад. Баъди ташхиси вазъи саломатӣ ӯро ба ятимхона интиқол медиҳанд.Ҳокимони иёлот гуфтаанд, ки барои парваришу тарбияи Ганга маблағ ҷудо мекунанд ва ба наҷотдиҳандаи вай ҷоиза хоҳанд дод.Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши қазия оғоз кардаанд, мехоҳанд падару модари ӯро пайдо кунанд ва донанд, ки чаро онҳо аз фарзанди худ даст кашиданд.Полис сабабҳоро ошкор накардааст ва гуфтааст, ки тафтиш идома дорад. Вале коршиносон мегӯянд як сабаби аслии раҳо кардани духтар дар об метавонад ҷинсияти ӯ бошад.Маъмулан дар Ҳинд таваллуди писарро бештар интизорӣ мекашанд, чун тибқи анъанаҳо дар ин кишвар духтарон харҷи зиёд доранд ва на ҳама волидон метавонанд аз уҳдаи ин гуна масрафот бароянд.Гузашта аз ин санҷиши пешакии ҷинсии тифли батни модар дар Ҳинд манъ аст, вале ғайриқонунӣ аксаран ин корро анҷом медиҳанд. Бисёре аз модароне, ки мефаҳманд тифли батнашон духтар аст, бо роҳҳои сунъӣ исқоти ҳамл мекунанд. Ҳолатҳое низ дида шудаанд, ки модарон баъди таваллуди духтар ӯро бо дастони худ куштаанд.
https://sputnik.tj/20210526/volidon-kudaki-lift-dushanbe-1039761019.html
https://sputnik.tj/20200820/Dar-Devashtich-modari-javon-margi-farzandashro-tahammul-nakarda-dast-ba-khudkush-zad-1031767624.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/01/1032567915_158:0:2889:2048_1920x0_80_0_0_f522d1ea0381bca8b8182ff4fcaf9a58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
духтарак дарё
Дар Ҳиндустон навзодро барои духтар буданаш ба дарё андохтанд: тифл наҷот ёфт
15:37 18.06.2021 (Навсозишуда: 16:13 18.06.2021) Дар айни замон духтарча дар бемористон аст ва таҳти назорати духтурон қарор дорад.
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Ҳиндустин тифли навзодеро, ки эҳтимол барои духтарак буданаш ба дарё партофтанд, наҷот доданд, хабар дода шудааст дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, як қаиқрон дар иёлоти Уттар-Прадеш, воқеъ дар шимоли Ҳинд муваффақ ба ин шудааст, ки як навзоди духтарро, ки дар дохили як қутии чӯбӣ дар оби дарёи Ганг шино мекард, наҷот диҳад.
Ин қаиқрон, ки аз ӯ Голлу Ҷаудҳар ном бурда мешавад, гуфтааст, ки гиряи ин тифли 21-рӯза ӯро водор кард, ки ба самти қутии чӯбӣ заврақ ронад ва онро ба соҳил кашидаву наҷот диҳад.
Ин навзод дар як рӯсарии сурх печонида шудаву дар қуттӣ гузошта шудааст ва дар як варақи дигар ҳамчунин солу рӯзи таваллуд ва ҳатто номи ӯ низ навишта шудааст.
Рӯ ва дохили қуттӣ бо тасвири худоёни ҳинду оро дода шуда буд. Соҳиби духтар ӯро ба шарафи дарёи Ганг, ки як рӯди муқаддас ҳам барои ҳиндуҳо мебошад, номи ӯро Ганга гузоштааст.
Қаиқрон Голлу гуфтааст, ки дар соҳил бисёриҳо нолаву гиряи тифлро шуниданд, вале касе талош накард ба вай ёрӣ расонад.
“Ман фавран ба тарафи ӯ рафтам, қуттиро ба соҳил овардам ва чун боз кардам, ӯро (кӯдакро) дидам”,-гуфтааст ӯ.
Голлу аввал ӯро ба хона овардааст ва баъдан аз вай ӯро пулис гирифта ва сипас ба хадамоти иҷтимоӣ супурдаанд.
Дар айни замон духтарча дар бемористон аст ва таҳти назорати духтурон қарор дорад. Баъди ташхиси вазъи саломатӣ ӯро ба ятимхона интиқол медиҳанд.
Ҳокимони иёлот гуфтаанд, ки барои парваришу тарбияи Ганга маблағ ҷудо мекунанд ва ба наҷотдиҳандаи вай ҷоиза хоҳанд дод.
Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши қазия оғоз кардаанд, мехоҳанд падару модари ӯро пайдо кунанд ва донанд, ки чаро онҳо аз фарзанди худ даст кашиданд.
Полис сабабҳоро ошкор накардааст ва гуфтааст, ки тафтиш идома дорад. Вале коршиносон мегӯянд як сабаби аслии раҳо кардани духтар дар об метавонад ҷинсияти ӯ бошад.
Маъмулан дар Ҳинд таваллуди писарро бештар интизорӣ мекашанд, чун тибқи анъанаҳо дар ин кишвар духтарон харҷи зиёд доранд ва на ҳама волидон метавонанд аз уҳдаи ин гуна масрафот бароянд.
Гузашта аз ин санҷиши пешакии ҷинсии тифли батни модар дар Ҳинд манъ аст, вале ғайриқонунӣ аксаран ин корро анҷом медиҳанд. Бисёре аз модароне, ки мефаҳманд тифли батнашон духтар аст, бо роҳҳои сунъӣ исқоти ҳамл мекунанд.
Ҳолатҳое низ дида шудаанд, ки модарон баъди таваллуди духтар ӯро бо дастони худ куштаанд.