Дар Маскав тӯйи арӯсии муҳоҷирон дар идораи пулис анҷом ёфт

CC0 / Pixabay / StockSnap / Свадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Понздаҳ нафар пас аз задухӯрд дар як тӯй ба идораи пулиси Маскав афтоданд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар кӯчаи Краснодонскаяи Маскав 15 нафар пас аз муноқиша дар як ҷашни арӯсӣ боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Сарраёсати ВКД дар пойтахт.
Маълум шуд, ки ҳамаи боздоштшудаҳо дар тӯйе ширкат мекарданд ва маҳз дар ҳамон ҷо миёни ду нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ зардухӯрд сар зад.
Муҳоҷирон хостанд, худи онҳо ин низоъро ҳал кунанд, аммо муваффақ нашуданд, ки ахиран пулис дахолат кард.
Пулис гуфтааст, ки дар маърака танҳо ду нафар ҷанг карда, боқимонда тамошобин будаанд ва ин қазия тафтиш мешавад.
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Рӯҳонӣ сабаби аслии муноқишаҳои байни муҳоҷирон ва русҳоро гуфт
Қаблан дар Маскав миёни кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ задухӯрди густурдае сурат гирифта буд. Дар байни кӯчарӯбҳо ва коргароне, ки ба тоза кардани бомҳо машғуланд, муноқиша ба вуҷуд сурат гирифта буд.
Ҳодиса дар кӯчаи Машкови ноҳияи Басмании шаҳри Маскав рух додааст. Дар наворе, ки дар интернет пайдо шуд, дида мешуд, дар ин задухӯрд беш аз шаш нафар ширкат кардаанд ва бархе аз онҳо дар даст бел доштанд.
Дар натиҷа се нафар захмӣ ва ҳафт муҳоҷири дигар боздошт шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0