https://sputnik.tj/20211106/ruhoni-sabab-munoqishaho-muhojir-rus-1043295509.html
Рӯҳонӣ сабаби аслии муноқишаҳои байни муҳоҷирон ва русҳоро гуфт
Рӯҳонӣ сабаби аслии муноқишаҳои байни муҳоҷирон ва русҳоро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Павел Островский мегӯяд, ихтилофот миёни русҳо ва муҳоҷирон решаҳои амиқ доранд
2021-11-06T18:02+0500
2021-11-06T18:02+0500
2021-11-09T14:26+0500
андеша
муҳоҷират
рӯҳонӣ
шаҳрвандони хориҷӣ
ихтилофот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_049542da018d00f23d75ccb6af57e8c5.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Даъватҳо барои андешидани чораҳои шадид алайҳи муҳоҷирон дар Русия на танҳо бефоида аст, балки боиси ташдиди вазъият мешавад. Дар ин бора коҳин Павел Островский дар саҳифааш дар "Instagram" навиштааст. Вай қайд кард, ки аксари вақт суҳбатҳое мешунавад, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия "коре бояд кард", яъне "манъ, маҳкам, муҷозот". Аз ҷумла, ин гуна суҳбатҳо дар ҷомеа пас аз задухӯрдҳое бо ширкати муҳоҷирон авҷ мегирад.Ба гуфти Островский, ин мушкилот решаҳои амиқ дорад, зеро муноқишаҳо ҳанӯз дар империяи Русия низ буданд. Коҳин қайд кард, аксари русҳо намефаҳманд, ки киро бояд муҳоҷир гӯянд - танҳо шаҳрвандони дигар давлатҳо ё онҳоеро низ, ки аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба пойтахт омадаанд. Вай сокинони Доғистонро мисол овард. Охир, онҳо шаҳрвандони Русия буда, тамоми ҳуқуқу озодиҳоро доранд.Островский дар ин бора дар робита ба латукӯби як марди кӯдакдор дар Маскави Нав аз ҷониби чаҳор доғистонӣ изҳорот дод.
https://sputnik.tj/20211106/bozdosht-muhojir-maskavi-nav-1043289800.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_167:0:888:541_1920x0_80_0_0_d72cda7a73506b3e904dcddf3f6f5dac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, муҳоҷирон, русҳо
русия, муҳоҷират, муҳоҷирон, русҳо
Рӯҳонӣ сабаби аслии муноқишаҳои байни муҳоҷирон ва русҳоро гуфт
18:02 06.11.2021 (Навсозишуда: 14:26 09.11.2021) Павел Островский мегӯяд, ихтилофоти миёни русҳо ва муҳоҷирон решаҳои амиқ дорад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Даъватҳо барои андешидани чораҳои шадид алайҳи муҳоҷирон дар Русия на танҳо бефоида аст, балки боиси ташдиди вазъият мешавад. Дар ин бора коҳин Павел Островский дар саҳифааш дар "Instagram" навиштааст.
Вай қайд кард, ки аксари вақт суҳбатҳое мешунавад, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия "коре бояд кард", яъне "манъ, маҳкам, муҷозот".
Аз ҷумла, ин гуна суҳбатҳо дар ҷомеа пас аз задухӯрдҳое бо ширкати муҳоҷирон авҷ мегирад.
Ба гуфти Островский, ин мушкилот решаҳои амиқ дорад, зеро муноқишаҳо ҳанӯз дар империяи Русия низ буданд.
Коҳин қайд кард, аксари русҳо намефаҳманд, ки киро бояд муҳоҷир гӯянд - танҳо шаҳрвандони дигар давлатҳо ё онҳоеро низ, ки аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба пойтахт омадаанд.
Вай сокинони Доғистонро мисол овард. Охир, онҳо шаҳрвандони Русия буда, тамоми ҳуқуқу озодиҳоро доранд.
"Яке аз проблемаҳои асосӣ, ки аксарият аз он чашм мепӯшанд, ин табақабандӣ дар ҷамъият мебошад, чӣ дар соҳаи маънавӣ ва чӣ дар соҳаи моддӣ. Агар табақабандӣ бартараф карда нашавад, кишвар наметавонад ягонагии қобили қабулро ба даст ораду тартиботро дар кӯчаҳо таъмин кунад", - хулоса кард Островский.
Островский дар ин бора дар робита ба латукӯби як марди кӯдакдор дар Маскави Нав аз ҷониби чаҳор доғистонӣ изҳорот дод.