"Як ҳафта пас": кӯдакистонҳои "ТАлКо" барқ гирифтанд

© PxhereЛиния электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Бебарқии шаш кӯдакистон ва чанд корхонаи дигари марбути Ширкати алюминиуми тоҷик ё “ТАлКо” дар шаҳри Турсунзода ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Онҳо бо он вуҷуд, ки иншооти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим ба шумор меомаданд, як ҳафта ба ин сӯ барқ надоштанд.
Ҳабибулло Мақбулов, мудири Департаменти иттилоърасонӣ ва робита бо ҷомеаи Ширкати алюминиуми тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, "афроди масъули ширкатҳои зертобеи мо 9 декабр ба ҳузури раҳбарияти Ширкати тақсимоти барқ рафта, масъаларо ҳал кардаанд.

"Як қатор аснод талаб карданд, ба шумули ИНН, ки бурдем. Соати 3-и ҳамин рӯз барқро доданд. Рӯзи душанбе бақияи шарту шароитро баррасӣ карда, шартнома мебандем", - гуфт ӯ.

Шаш кӯдакистон, Маркази ҷавонони "Насли наврас" ва меҳмонхонаву осоишгоҳи табобатии "Ширкент"-и "Хизматрасонии сайёҳӣ", ду ширкати зертобеи "ТАлКо" аз як ҳафта ба ин сӯ барқ надоштанд.
Қаблан масъулини Ширкати алюминиуми тоҷик гуфта буданд, ки кормандони Ширкати тақсимоти барқ раҳбарони ин ду ширкатро огоҳ кардаанд, аммо ахириҳо дар навбати худ ба саҳлангорӣ роҳ додаанд.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
“Сӯитафоҳум”: чаро кӯдакистонҳои “ТАлКо” бебарқ монданд?
Сухан ҳам дар бораи қарзу шарту шароити нави созишнома мерафт. “Насли наврас” ва “Хизматрасонии сайёҳӣ” дар кору масорифи худ мустақилият доранд ва бояд расмиёт бо ҳар ҳамкори худро худ анҷом диҳанд.
Тибқи иттилои Ширкати алюминиуми тоҷик, дар кӯдакистонҳои ширкат ҳудуди ҳазор кӯдак таълиму тарбия мегирад ва аз хидматрасониҳои меҳмонхонаву осоишгоҳи табобатии "Ширкент" даҳҳо нафар истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳо, Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон гуфт, кӯдакистонҳо ва дигар корхонаҳои ширкатҳои зертобеи "ТАлКо” буҷетӣ ба ҳисоб рафта, ба категорияи дувуми истеъмолгарон дохил мешаванд.
Фаридун Шоинбеков, муовини раиси ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муштариён аз ҷумлаи ин категория тариф, тариқи пайвастшавӣ ва ҳатто шартномаи мутафовит доранд.

"Муқаррароти мушаххас фақат барои муштариёни категорияи аввал аст, аммо муносибати байни Ширкати тақсимоти барқ ва ин гуна корхонаҳо аз тариқи шартнома ба роҳ монда мешавад. Барои ин ки ба мушкили пешомада баҳо диҳем, бояд ба шартномаи миёни онҳо руҷуъ кунем”, - гуфт Фаридун Шоинбеков.

Кӯдакистон ва шифохонаҳо ба иншооти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим дохил мешаванд, ки дар бархе кишварҳо, масалан, қатъи барқ барои онҳо ҷазои маъмурӣ ва ҷарима дар пай дорад.
Аммо ҳеҷ як аз ҳуқуқшиносон ё масъулони маорифе, ки ҳамсуҳбати мо шуданд, қонун ё дигар санади ҳуқуқиеро дар ин замина мисол оварда натавонистанд.
Лентаи хабарҳо
0