“Сӯитафоҳум”: чаро кӯдакистонҳои “ТАлКо” бебарқ монданд?

© Sputnik Лампочка, архивное фото
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Шаш кӯдакистони ширкати “Насли наврас”, марбути Ширкати алюминиуми тоҷик ё “ТАлКо” чанд рӯз ба ин сӯ бебарқ мондаанд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Бебарқӣ дар кӯдакистонҳои марбути ширкати “ТАлКо” як ҳафта боз идома дорад, изҳор доштанд манобеи Sputnik Тоҷикистон, аммо масъулин мегӯянд, ин ҳол ду рӯз ба ин сӯ ҷой дорад.
Ҳабибулло Мақбулов, мудири Департаменти иттилорасонӣ ва робита бо ҷомеаи Ширкати алюминиуми тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як сӯитафоҳуме дар миёни “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва ширкати “Насли наврас”, ки масъулияти кӯдакистонҳои “ТАлКо”-ро ба зимма дорад, ба миён омадааст.

“Масъулини барқ қаблан раҳбарони кӯдакистонҳоро огоҳ карда будаанд, ки ахириҳо дар навбати худ ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Мо ин масъаларо ба баррасӣ гирифта, як ҳайатро ба ширкати барқрасонӣ фиристодем, то масъаларо ҳал кунанд”, - гуфт Мақбулов.

Қаблан як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар шаҳри Турсунзода панҷ рӯз ба ин сӯ шаш кӯдакистони марбути "ТАлКо", ки ҳудуди ҳазор кӯдакро дарбар мегиранд, ба далели қарздорӣ аз “Барқи тоҷик” дар ин сармо аз нерӯи барқ маҳруманд.
Аммо як масъули кӯдакистонҳо гуфт, ки бебарқӣ ду рӯз ба ин сӯ идома дорад. Дар ширкати “Барқи тоҷик” ба ин далел, ки таҳвили барқ ба зиммаи ширкати ҷадиди Шабакаҳои тақсимоти барқ аст, аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд.
Як соли қабл ду ширкат - Шабакаҳои тақсимоти барқ ва Шабакаҳои интиқоли барқ аз баданаи ширкати “Барқи тоҷик” ҷудо ва мустақил шуда буданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Ташвиши Раҳмон аз иҷро нашудани супоришҳояш дар корхонаҳои калон: ба давлат хатар дорад
Масъулини Ширкати алюминиуми тоҷик аз ҳаҷми қарзи кӯдакистонҳо пеши Шабакаҳои тақсимоти барқ изҳори беиттилоотӣ карданд. Бино ба гузоришҳо, меҳмонхонаи “Ширкент” низ тобеи ин ширкат аст, ки чанд рӯз ба ин сӯ барқ надоштааст.
Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминиуми тоҷик якуми ноябри соли 2019 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷамъияти саҳҳомии ҳолдингӣ ва корхонаҳои зертобеаш ба ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода табдил ёфта буданд.
Кӯдакистонҳои рақами 9, 10, 11, 12, 14 ва 16 дар шаҳри Турсунзода, ки тобеи Ширкати алюминиуми тоҷик буданд, ба ҷамъияти саҳҳомии “Насли наврас” табдил ёфтаанд.
Маркази тиҷоратии "Металлург” маҷмааи меҳмонхона ва табобатгоҳи “Ширкент”, истироҳатгоҳҳои “Қаратоғ” ва “Куран” низ як ҷамъияти саҳҳомӣ шуданд, аммо 100%-и саҳмияҳои ҳама ба “ТАлКо” тааллуқ хоҳанд дошт.
Лентаи хабарҳо
0