https://sputnik.tj/20211210/kadom-nav-angur-mufidtar-1044068262.html
Сиёҳ ё сабз: кадом навъи ангур муфидтар аст?
Сиёҳ ё сабз: кадом навъи ангур муфидтар аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ангур - меваи дӯстдоштаи аксари одамон мебошад. Он дорои бисёр витаминҳо ва минералҳо мебошад.
2021-12-10T12:35+0500
2021-12-10T12:35+0500
2021-12-10T20:20+0500
тандурустӣ
ангур
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/16/1029491607_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_ef6474bd5a64aef824fb54cc308b007b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ангур аз витамини С ва микроэлементҳо бой аст. Он фишори хунро ба эътидол меорад ва барои одамони гирифтори бемориҳои дилу раг муфид аст.Аммо ба гуфти ғизошинос Яна Гришина, истеъмоли мунтазами ангур метавонад ба саломатии инсон зарар расонад. Ба гуфти Гришкина, ангури сиёҳ ва сурх назар ба дигар навъи ангурҳо муфидтаранд. "Теъдоди кислотаҳои органикӣ дар таркиби ангур касро шигифтзада мекунад: кислотаҳои галликӣ, лимонӣ, тартарӣ, формикӣ, оксаликӣ, малӣ, суктсинӣ, салитсилӣ. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки ангур дар таркибаш фруктозаи зиёд дорвад ва метавонад боиси варам кардани шикам шавад. Аз ин рӯ набояд дар шиками холӣ ангуур истеъмол кард", - менависад РИА Новости аз гуфтаи ғизошинос. Ин кислотаҳо микрофлораи мусоиди рӯдаро ба вуҷуд меоранд ва ин дар навбати худ мубодилаи моддаҳоро метезонад ва ба ҳазми ғизо мусоидат мекунад. Онҳо инчунин барои нигоҳ доштани мувозинати оптималии кислотаи асосӣ дар бадан кумак мекунанд. Гузашта аз ин ҳар як кислота "тахассус"-и худро дорад: кислотаи каҳрабоӣ ба нафаскашии ҳуҷайраҳо кумак мекунад, кислотаи салитсилӣ таъсири антисептикӣ дорад ва кислотаи малӣ ва тартарӣ рушди саратонро бозмедорад. Хусусиятҳои антиоксидантии ангур раванди пиршавии ҳуҷайраҳо ва бофтаҳоро суст карда, баданро аз заҳролудшавӣ ҳифз мекунад. Чунин хосиятҳо барои навъҳои ангури сиёҳ бештар хосанд. Дар ин мева сеяки арзиши ҳаррӯзаи витамини С, ки низоми масуниятро мустаҳкам мекунад ва витаминҳои В, ки дар фаъолсозии мубодилаи моддаҳо нақши муҳим доранд, мавҷуданд. Ба шарофати ин, ангур барои онҳое, ки вазни худро кам кардан мехоҳанд, муфид аст. Ғайр аз он, ин витаминҳо хотираро беҳтар мекунанд. Ангур ҳарчанд ширин бошад ҳам, сатҳи қанди хунро баланд намекунад, аз ин рӯ истеъмол кардани он ба ҳамагон иҷоза дода мешавад.Бо вуҷуди ин, агар шахс аллакай бо сатҳи қанд мушкилот дошта бошад, пас бояд аз истеъмоли ангурро кам кунад.
https://sputnik.tj/20211209/kadom-seb-mufidtar-1044039144.html
https://sputnik.tj/20211125/mandarin-foida-zarar-1043757600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/16/1029491607_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_5fa6fa9a89c0175fc4ad46f005e0fe21.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ангур, тандурустӣ, фоида, мева, зарар
ангур, тандурустӣ, фоида, мева, зарар
Сиёҳ ё сабз: кадом навъи ангур муфидтар аст?
12:35 10.12.2021 (Навсозишуда: 20:20 10.12.2021) Ангур - меваи дӯстдоштаи аксари одамон мебошад. Он дорои бисёр витаминҳо ва минералҳо мебошад. Аммо агар Шумо онро зуд-зуд истеъмол кунед, метавонад ба саломатиятон зарар расонад. Ғизошинос муфассал дар бораи фоида ва зарари ангур гуфт
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ангур аз витамини С ва микроэлементҳо бой аст. Он фишори хунро ба эътидол меорад ва барои одамони гирифтори бемориҳои дилу раг муфид аст.
Аммо ба гуфти ғизошинос Яна Гришина, истеъмоли мунтазами ангур метавонад ба саломатии инсон зарар расонад.
Ба гуфти Гришкина, ангури сиёҳ ва сурх назар ба дигар навъи ангурҳо муфидтаранд.
"Теъдоди кислотаҳои органикӣ дар таркиби ангур касро шигифтзада мекунад: кислотаҳои галликӣ, лимонӣ, тартарӣ, формикӣ, оксаликӣ, малӣ, суктсинӣ, салитсилӣ. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки ангур дар таркибаш фруктозаи зиёд дорвад ва метавонад боиси варам кардани шикам шавад. Аз ин рӯ набояд дар шиками холӣ ангуур истеъмол кард", - менависад
РИА Новости аз гуфтаи ғизошинос.
Ин кислотаҳо микрофлораи мусоиди рӯдаро ба вуҷуд меоранд ва ин дар навбати худ мубодилаи моддаҳоро метезонад ва ба ҳазми ғизо мусоидат мекунад. Онҳо инчунин барои нигоҳ доштани мувозинати оптималии кислотаи асосӣ дар бадан кумак мекунанд.
Гузашта аз ин ҳар як кислота "тахассус"-и худро дорад: кислотаи каҳрабоӣ ба нафаскашии ҳуҷайраҳо кумак мекунад, кислотаи салитсилӣ таъсири антисептикӣ дорад ва кислотаи малӣ ва тартарӣ рушди саратонро бозмедорад.
Хусусиятҳои антиоксидантии ангур раванди пиршавии ҳуҷайраҳо ва бофтаҳоро суст карда, баданро аз заҳролудшавӣ ҳифз мекунад. Чунин хосиятҳо барои навъҳои ангури сиёҳ бештар хосанд.
Дар ин мева сеяки арзиши ҳаррӯзаи витамини С, ки низоми масуниятро мустаҳкам мекунад ва витаминҳои В, ки дар фаъолсозии мубодилаи моддаҳо нақши муҳим доранд, мавҷуданд.
Ба шарофати ин, ангур барои онҳое, ки вазни худро кам кардан мехоҳанд, муфид аст. Ғайр аз он, ин витаминҳо хотираро беҳтар мекунанд.
Ангур ҳарчанд ширин бошад ҳам, сатҳи қанди хунро баланд намекунад, аз ин рӯ истеъмол кардани он ба ҳамагон иҷоза дода мешавад.
Бо вуҷуди ин, агар шахс аллакай бо сатҳи қанд мушкилот дошта бошад, пас бояд аз истеъмоли ангурро кам кунад.