Ҷабборов аз қирғизистониҳо узр пурсид - видео

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАкылбек Жапаров
Акылбек Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Тирамоҳ дар Қирғизистон норасоии ангишт эҳсос шуд, ки фурӯшандагон нархҳоро боло бурданд. Қирғизистон буҳрони энергетикиро ҳам аз cap мегузаронад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Раиси Девони Вазирони ин кишвар Оқилбек Ҷабборов дар мусоҳиба бо телевизиони КТРК аз мардуми Қирғизистон барои омодагии нокофӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон пӯзиш хост, менависад Sputnik Қирғизистон.
"Чуноне ки мо ба фасодкорӣ дар "Кумтор" хотима додем, ҳоло бо мафияи ангишт мубориза бурда истодаем. Аз шаҳрвандон барои омодагӣ ба зимистон узр мехоҳем. Аммо аз соли оянда, аз 1 май то 1 ноябр ҳамаи ҷоро бо ангишт таъмин мекунем. Бо вуҷуди он ки ҳоло имконот маҳдуд аст, мо марокизи гармидиҳӣ ва шаҳрвандони маҳаллиро пурра бо ангишт таъмин мекунем", - изҳор дошт Ҷабборов.
Вай гуфт, Қирғизистон дар фасли зимистон нерӯи барқи кофӣ дорад.
"Нерӯи барқ ​​кофӣ хоҳад буд. Тавре худатон медонед, раҳбарони собиқи сиёсӣ бо ҳамкасбони худ аз Туркманистону Ӯзбекистон забони муштарак пайдо карда натавонистанд. Дар транзити барқ ​​ва газ аз ҷониби Қазоқистон монеаҳое вуҷуд доштанд. Имрӯз нестанд. Ҳамаи ҳамсояҳо ба мо кумак мекунанд, дар ҳоле ки мо онро мехарем", - таъкид кард сарвазир.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистонро кам карду ба Қирғизистон дод
Бояд гуфт, тирамоҳ дар Қирғизистон камбуди ангишт мушоҳида шуд ва фурӯшандагон нархи онро боло бурданд.
Инчунин Қирғизистон бинобар паст будани сатҳи об дар обанбори Токтогул ба буҳрони энергетикӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ниҳодҳои дахлдор барои сарфаи барқ дар ҳисобкунакҳо лимит муқаррар намудаанд: барои муштариҳои якфазӣ лимит то 5 киловатт, барои сефазӣ то 10 киловатт пешбинӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон таъруфаи нерӯи барқ ​​барои шаҳрвандон (оила)-ҳои камдаромад поин бурда шуд.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Дар Қирғизистон барқро барои камбизоатон арзон карданд
Дар доираи ин қарор Девони Вазирони Қирғизистон вазифадор шудааст, ки аз якуми январи соли 2022 барои оилаҳое, ки кӯдакони то 16 сола доранд ва аз давлат кумакпулӣ мегиранд, таъруфаи 50-тинӣ бар ивази як киловатт-соат нерӯи барқро роҳандозӣ намояд.
Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон таъруфа барои истеъмолкунандагони маишӣ ҳоло барои як киловатт-соат 0,77 сом муқаррар шудааст. Барои сарфи зиёда аз 700 киловатт-соат дар як моҳ таъруфа 2,16-сомӣ роҳандозӣ гаштааст.
Лентаи хабарҳо
0