Дар Қирғизистон барқро барои камбизоатон арзон карданд

© Sputnik / Петр Чернов / Гузариш ба медиабонкЛампа накаливания и энергосберегающая лампочка.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Ин барои оилаҳои камбизоат, ки фарзандони то 16-сола доранд ва кумакпулиҳои давлатӣ мегиранд, дахл дорад
ДУШАНБЕ, 7 декабря — Sputnik. Дар Қирғизистон таъруфаи нерӯи барқ ​​барои шаҳрвандон (оила)-ҳои камдаромад поин бурда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.
Фармон “Дар бораи иқдомоти кумакӣ барои шаҳрванд (оила)-ҳои камбизоат дар шакли кам кардани арзиши барқ” аз ҷониби Садир Ҷабборов имзо шудааст.
Мақсад ва вазифаи ин фармон дастгирии иҷтимоии эҳтиёҷмандони дорои кӯдакони то 16-сола дар шароити болоравии нархи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятдошта мебошад.
Знак процента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Дар Қирғизистон ипотекаи шаръӣ роҳандозӣ мешавад
Дар доираи ин қарор Девони Вазирони Қирғизистон вазифадор шудааст, ки аз якуми январи соли 2022 барои оилаҳое, ки кӯдакони то 16 сола доранд ва аз давлат кумакпулӣ мегиранд, таъруфаи 50-тинӣ бар ивази як киловатт-соат нерӯи барқро роҳандозӣ намояд.
Фармони поин бурдани нархи нерӯи барқ ба оилаҳои камбизоатро Ҷабборов дар ҷаласаи Шӯрои амният дастур додааст.
Ҳамакнун тибқи ин фармон, оилаҳои камбизоат 17 тин камтар барои ҳар килловат барқ маблағ месупоранд
Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон таъруфа барои истеъмолкунандагони маишӣ ҳоло барои як киловатт-соат 0,77 сом муқаррар шудааст. Барои сарфи зиёда аз 700 киловатт-соат дар як моҳ таъруфа 2,16-сомӣ роҳандозӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0