СҶБ хатари паҳншавии омикронро арзёбӣ кард: дар 57 кишвар пайдо шуд

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки навъи омикронии коронавирус метавонад ба раванди ҳамагир таъсири ҷиддӣ расонад
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Адхан Гебрейесус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, "паҳншавии навъи омикрон дар ҷаҳон метавонад ба ҳамагир таъсири ҷиддӣ расонад, аммо маълумоти бештар дар бораи хатари он лозим аст".

"То имрӯз 57 кишвар дар бораи мавҷудияи омикрон дар қаламрави худ гузориш додаанд ва мо интизорем, ки шумораи онҳо афзоиш хоҳад ёфт", - гуфт ӯ.

Якчанд хусусиятҳои омикрон, аз ҷумла густариши глобалии он ва шумораи зиёди таҳаввулотҳо нишон медиҳанд, ки ин навъ метавонад ба раванди кунунии пандемия таъсири назаррас расонад.
"Назорати бодиққат аз вазъи ҷаҳон муҳим аст, то бифаҳмем, ки оё омикрон метавонад аз делта пеш гузарад", - гуфт Гебрейесус зимни ҷаласае дар Женева.
Далелҳои намунаҳо аз Африқои Ҷанубӣ нишон медиҳанд, ки дубора бо амикрон гирифтор шудан имконпазир аст, аммо он назар ба делта камтар хатарноктар аст. "Бо вуҷуди ин маълумоти бештар лозим аст, ки инро бо боварӣ баён кунем", - афзуд ӯ.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Нахустин тасвирҳои штамми омикрон нашр шуданд - акс
"Рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда нишон хоҳанд дод, ки омикрон чӣ гуна рушд мекунад. Агар кишварҳо пур шудани беморхонаҳои худро интизор бошанд, мо аллакай зарар кардаем", - мегӯяд вай.
Моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси омикрон кашф шуд. Пештар олимон онро бо индекси B.1.1.529 ба қайд гирифта буданд.
СҶБ ин навъро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки аллакай гирифтори корона шудаанд ё гирифтаанд, мумкин ба ин вирус мубтало шаванд.
Ин навъ ба Тоҷикистон ҳоло роҳ наёфтааст, аммо ба Русия онро ду нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, интиқол доданд. РИА "Новости" навишта буд, ташхиси 10 нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштаанд, мусбат баромад.
Лентаи хабарҳо
0