https://sputnik.tj/20211209/rospotrebnadzor-nishona-siroyat-omikron-1044036959.html
"Роспотребнадзор" нишонаҳои асосии сирояти омикронро номбар кард
"Роспотребнадзор" нишонаҳои асосии сирояти омикронро номбар кард
Sputnik Тоҷикистон
Аломатҳои асосии навъи омикрони коронавирус номбар шудаанд
2021-12-09T10:41+0500
2021-12-09T10:41+0500
2021-12-09T13:22+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
духтурон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032483995_0:0:3009:1694_1920x0_80_0_0_2e54b10fb8886cef3935638b70ab87ec.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Заъф, табларза ва дарди сар хоси омикрон гуфта шудаанд менависад РИА "Новости" бо истинод ба муовини мудири Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробиологияи Маскав ба номи Габричевскийи "Роспотребнадзор" дар умури клиникӣ, доктори илмҳои тиб Татяна Ружентсова. Ба гуфтаи вай, маълумоти охирин нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама дар беморон ҳарорати бадан то 38 дараҷа ва зиёда аз он боло меравад. Вай афзуд, шуш ва дигар узвҳои хос аз ин навъи коронавирус метавонанд осеб бинанд.Ружентсова афзуд, дар ҳоли ҳозир дар бораи вижагиҳои зуҳуроте, ки омикрон ба вуҷуд овардааст, маълумоти кам мавҷуд аст, аммо бо мурури замон онҳо бояд бештар шаванд. Қаблан як табиби бритониёӣ гуфта буд, дар бадани кӯдаконе, ки гирифтори навъи нави коронавирус мешаванд, мумкин доғҳои ғайриоддӣ пайдо шаванд. Доғҳо дар 15%-и кӯдакон мушоҳида мешаванд, дар ҳоле ки дар калонсолон чунин нишонаи ин беморӣ ҳанӯз кам ба назар мерасад. Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар асоси маълумоти мушоҳидаҳо муътақиданд, ки навъи нави коронавирус сабуктар мегузарад.Моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси омикрон кашф шуд. Пештар олимон онро бо индекси B.1.1.529 ба қайд гирифта буданд.СҶБ ин навъро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки аллакай гирифтори корона ё ваксина шудаанд, мумкин аст, ба ин вирус мубтало гарданд.Ин навъ ба Тоҷикистон ҳоло роҳ наёфтааст, аммо ба Русия онро ду нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, интиқол доданд. РИА "Новости" навишта буд, ташхиси 10 нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, мусбат баромад.
https://sputnik.tj/20211209/sjb-khatar-omikron-arzyobi-1044036064.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032483995_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_445bf86331576aac7accc6a1122ebf22.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роспотребнадзор нишона сироят омикрон коронавирус
роспотребнадзор нишона сироят омикрон коронавирус
"Роспотребнадзор" нишонаҳои асосии сирояти омикронро номбар кард
10:41 09.12.2021 (Навсозишуда: 13:22 09.12.2021) Аломатҳои асосии навъи омикрони коронавирус номбар шуданд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Заъф, табларза ва дарди сар хоси омикрон гуфта шудаанд менависад РИА "Новости" бо истинод ба муовини мудири Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробиологияи Маскав ба номи Габричевскийи "Роспотребнадзор" дар умури клиникӣ, доктори илмҳои тиб Татяна Ружентсова.
Ба гуфтаи вай, маълумоти охирин нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама дар беморон ҳарорати бадан то 38 дараҷа ва зиёда аз он боло меравад.
"Дар аксари беморон заифии шадид ё хастагӣ, табларза, дарди сар, кам шудани иштиҳо, сулфа мушоҳида мешавад", - шарҳ дод табиб.
Вай афзуд, шуш ва дигар узвҳои хос аз ин навъи коронавирус метавонанд осеб бинанд.
Ружентсова афзуд, дар ҳоли ҳозир дар бораи вижагиҳои зуҳуроте, ки омикрон ба вуҷуд овардааст, маълумоти кам мавҷуд аст, аммо бо мурури замон онҳо бояд бештар шаванд.
Қаблан як табиби бритониёӣ гуфта буд, дар бадани кӯдаконе, ки гирифтори навъи нави коронавирус мешаванд, мумкин доғҳои ғайриоддӣ пайдо шаванд. Доғҳо дар 15%-и кӯдакон мушоҳида мешаванд, дар ҳоле ки дар калонсолон чунин нишонаи ин беморӣ ҳанӯз кам ба назар мерасад.
Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар асоси маълумоти мушоҳидаҳо муътақиданд, ки навъи нави коронавирус сабуктар мегузарад.
Моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси омикрон кашф шуд. Пештар олимон онро бо индекси B.1.1.529 ба қайд гирифта буданд.
СҶБ ин навъро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки аллакай гирифтори корона ё ваксина шудаанд, мумкин аст, ба ин вирус мубтало гарданд.
Ин навъ ба Тоҷикистон ҳоло роҳ наёфтааст, аммо ба Русия онро ду нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, интиқол доданд. РИА "Новости" навишта буд, ташхиси 10 нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, мусбат баромад.