Ошпазҳои ӯзбек дар Дубай як тонна палав пухтанд - видео

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПраздник плова в Душанбе
Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Раванди пухтупаз дар экрани бузурги даромадгоҳи ғурфаи миллии Ӯзбекистон ба таври онлайнӣ пахш шуд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ошпази машҳури ӯзбек Баҳриддини Чустӣ ба хотири Рӯзи Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии ЭКСПО-2020 дар Дубай, як тонна палави идона омода кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ба ӯ дар омода кардани ош беҳтарин ошпазҳои Ӯзбекистон кумак кардаанд.
Раванди пухтупаз дар экрани бузурги даромадгоҳи ғурфаи миллии Ӯзбекистон ба таври онлайнӣ намоиш дода шуд.
Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи меҳмононро садои карнаю сурнайҳо ва бӯи хуши оши палав ба худ ҷалб кард.
Мардум барои чашидан аз таоми болаззат дар навбат истодаанд.
Деги оши палови бузург ва 50 ошпаз: Ҷашнвораи “Оши палав” дар Душанбе -видео
Моҳи июли соли 2018 ошпазони Тошканд палави рекордие бо вазни умумии 7360 кило омода карда буданд. Дар кори он 50 ошпаз ширкат кард. Ош ба хонаи бачагон супурда шуд.
Фестиваль плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Се тонна оши палав дар як дег: Рекорди навбатӣ дар Ҷашнвораи “Оши палав” дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон низ моҳи октябри соли равон дар ҷашнвораи "Оши палав" 50 ошпази дохилию хориҷӣ се тонна ош пухта буданд.
Ин ғизои дар ин ҷашн пухташуда ба ятимхонаҳо ва хонаи пиронсолон тақсим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0