https://sputnik.tj/20211030/tonna-oshi-palav-dar-yak-deg-rekordi-navbati-dar-jashnvorai-oshi-palav-dar-tojikiston-1043183357.html
Се тонна оши палав дар як дег: Рекорди навбатӣ дар Ҷашнвораи “Оши палав” дар Тоҷикистон
Се тонна оши палав дар як дег: Рекорди навбатӣ дар Ҷашнвораи “Оши палав” дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали “Оши палав” бо ҳузури ошпазони тоҷик ва кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид
2021-10-30T16:30+0500
2021-10-30T16:30+0500
2021-11-01T13:07+0500
дар тоҷикистон
душанбе
оши палав
ҷашнвораи оши палав
фестивал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043182827_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8fbb34df3beccd72494de5d926cd61b1.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Имрӯз дар майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.Дар даромадгоҳи майдон деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда, дар он 4 нафар ошпаз се тонна оши палав пухтанд.Дар доираи баргузории Фестивали “Оши палав” 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 5 ҳазор килограмм оши палов омода карда шуд.Зимни ифтитоҳи фестивал муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иброз дошт, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии тоҷикон дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст.Мавсуф зикр намуд, ки яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикон оши палав мебошад, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.Ҳамчунин дар фестивали мазкур барои хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.Бояд гуфт, оши омодашуда, тибқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба якчанд мактаб- интернат ва қисми ҳарбии пойтахт дода мешавад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043182827_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0507467839d3bbf976cefc8772e4d426.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, фестивал, оши палав, идм, ошпаз
тоҷикистон, душанбе, фестивал, оши палав, идм, ошпаз
Се тонна оши палав дар як дег: Рекорди навбатӣ дар Ҷашнвораи “Оши палав” дар Тоҷикистон
16:30 30.10.2021 (Навсозишуда: 13:07 01.11.2021) Дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи “Оши палав” бо ҳузури ошпазони тоҷик ва кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Имрӯз дар майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи майдон деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда, дар он 4 нафар ошпаз се тонна оши палав пухтанд.
Дар доираи баргузории Фестивали “Оши палав” 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 5 ҳазор килограмм оши палов омода карда шуд.
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иброз дошт, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии тоҷикон дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст.
Мавсуф зикр намуд, ки яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикон оши палав мебошад, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ҳамчунин дар фестивали мазкур барои хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, оши омодашуда, тибқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба якчанд мактаб- интернат ва қисми ҳарбии пойтахт дода мешавад.