Манижа дар Қазоқистон консерт медиҳад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа Сангин
Певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Сафири сафири ҳусни нияти СММ дар умури паноҳандагон, овозхон Манижа барои баррасии мушкилоти занон вориди Қазоқистон шуд ва ваъда дод, ки бо як консерти калон бармегардад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Иштирокчии Eurovision аз Русия ва зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин дар чаҳорчӯби маъракаи ҷаҳонии "16 рӯзи амалиёти фаъол алайҳи хушунати гендерӣ" ба Алмаато рафт, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Овозхон ҳамчун сафири ҳусни нияти Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон ба ҳимоят аз занон ҳунарнамоӣ мекунад ва ба зудӣ дар Қазоқистон консерт хоҳад дод.
Илова бар ин, Манижа ба ҳайси муассиси бунёди SILSILA*, ки 25 ноябри соли 2021 ба кор шурӯъ кардааст, ба ин кишвар сафар карда буд.
"Барои ман ин 16 рӯз шояд арзишмандтарин рӯзҳои сол бошад. Мо ҳамроҳи модарам Наҷиба Усмонова ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар карда, анъанаҳои фарҳангӣ, урфу одат ва таҷрибаи қонунгузориро дар мубориза бо хушунати хонаводагӣ меомӯзем ва мебинем, ки кор чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ чӣ тавр ба занон дар маҳалҳо ёрӣ расонда", - гуфт сароянда.
Певица Манижа - лауреат премии Женщины года Glamour 2021 в категории Певица года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"
Ба гуфтаи вай, вазифаи асосӣ таҳияи барномаи кумакест, ки дар оянда метавонад дар Русия ироа шавад.
"Мо бе таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя мубориза бурда наметавонем. Қазокистон барои мо муҳимтарин нуқтаи харита аст", - шарҳ дод ӯ.
Қобили зикр аст, ки маъракаи "16 рӯзи амалиёти фаъол алайҳи хушунати гендерӣ" ҳамасола дар ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр баргузор мешавад.
Худи Манижа қабл аз сафараш ба Алмаато аллакай аз Қирғизистони дидан карда, дар онҷо ҳам конфронс ва мулоқот бо намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар доир карда буд.
* SILSILA - барномаи мобилӣ барои мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба занон ва наврасон мебошад, ки он ба муҳоҷирон, гурезагон ва занону кӯдаконе, ки аз зӯроварии хонаводагӣ азоб мекашанд, хизмат мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0