https://sputnik.tj/20211123/zanoni-tojik-sahna-rusiya-manizha-1043719592.html
Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"
Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"
Sputnik Тоҷикистон
Машҳуртарин занҳои тоҷик дар Русия Манижа Сангин ва Дина Саева дар ҷоизаи солонаи "Занони сол Glamour - 2021" бо либосҳои зидду нақиз дурахшиданд
2021-11-23T19:25+0500
2021-11-23T19:25+0500
2021-11-23T19:25+0500
фарҳанг
ҷоиза
саҳна
манижа сангин
мадина
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/17/1043717278_0:0:2979:1676_1920x0_80_0_0_7f546e07498f65df18bae4c98943070e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Маскав маросими ҷоизасупории занони сол "Glamour - 2021" баргузор шуд, ки дар он бори нахуст якбора ду зани тоҷик ширкат кард. Овозхон Манижа Сангин ва блогнависи муд Дина Саева ба саҳнаи ҷоизаи мӯд ворид шуданд ва ҳамаро ҳайратзада карданд.Манижа на танҳо меҳмони даъватшуда буд, балки ӯро сарояндаи сол эълон карданд.Қобили зикр аст, ки ҳар ду зодаи Тоҷикистон тавонистанд бо либосҳои интихобкардаи худ бар рӯи қолини сурх аз дигарон ба куллӣ фарқ кунанд. Бо вуҷуди он ки пироҳанҳои занони тоҷик ба ҳамдигар дар тазод буд, ба назар менамуданд, ҳам Манижа ва ҳам Дина тавонистаанд, ки каме аз сабки шарқиро ба образ ворид кунанд. Манижа бо халъати васеи атласи миллӣ ба саҳна баромада, мӯйи сарашро дар як кокули дароз ҷамъ карда буд. Дар зери ҷома ӯ болопӯши симдор ва шими хокистарранги дурахшон дошт. Аммо "Маликаи Тик-Ток" як либоси пешбози сиёҳро интихоб кардааст: топи кӯтоҳ, мини-юбка ва болопӯши бодкунакӣ. Вале мухлисон бештар ба ороиши муйи Дина Саева диққат медоданд. Дина "тоҷикона" мӯйҳояшро майдабофӣ карда, дар пушти сар ҷамъ кардааст.
https://sputnik.tj/20211123/majalla-glamour-manizharo-saroyandai-sol-1043714157.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/17/1043717278_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3f5ca070c5693fad7b21df76b950864b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дина, манижа, саҳнаи русия,
дина, манижа, саҳнаи русия,
Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"
Машҳуртарин занҳои тоҷик дар Русия Манижа Сангин ва Дина Саева дар ҷоизаи солонаи занони сол "Glamour - 2021" бо либосҳои зидду нақиз дурахшиданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Маскав маросими ҷоизасупории занони сол "Glamour - 2021" баргузор шуд, ки дар он бори нахуст якбора ду зани тоҷик ширкат кард.
Овозхон Манижа Сангин ва блогнависи муд Дина Саева ба саҳнаи ҷоизаи мӯд ворид шуданд ва ҳамаро ҳайратзада карданд.
Манижа на танҳо меҳмони даъватшуда буд, балки ӯро сарояндаи сол эълон карданд.
Қобили зикр аст, ки ҳар ду зодаи Тоҷикистон тавонистанд бо либосҳои интихобкардаи худ бар рӯи қолини сурх аз дигарон ба куллӣ фарқ кунанд.
Бо вуҷуди он ки пироҳанҳои занони тоҷик ба ҳамдигар дар тазод буд, ба назар менамуданд, ҳам Манижа ва ҳам Дина тавонистаанд, ки каме аз сабки шарқиро ба образ ворид кунанд.
Манижа бо халъати васеи атласи миллӣ ба саҳна баромада, мӯйи сарашро дар як кокули дароз ҷамъ карда буд. Дар зери ҷома ӯ болопӯши симдор ва шими хокистарранги дурахшон дошт.
Аммо "Маликаи Тик-Ток" як либоси пешбози сиёҳро интихоб кардааст: топи кӯтоҳ, мини-юбка ва болопӯши бодкунакӣ.
Вале мухлисон бештар ба ороиши муйи Дина Саева диққат медоданд.
Дина "тоҷикона" мӯйҳояшро майдабофӣ карда, дар пушти сар ҷамъ кардааст.