https://sputnik.tj/20211209/kharid-tekhnika-rusiya-tojikiston-oson-1044035115.html
Хариди техникаи Русия дар Тоҷикистон осонтар мешавад
Хариди техникаи Русия дар Тоҷикистон осонтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз баста шудани қарордод таҷҳизоти Русия барои таъмиру сохтмон дар Тоҷикистон дастрасии ҳадди аксар барои тоҷирон хоҳад буд
2021-12-09T09:03+0500
2021-12-09T09:03+0500
2021-12-09T13:07+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
саноат
кишоварзӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/08/1044034720_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_840ab26c5755f7f98fc319ea4b8d0087.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия Евгений Коренков ҷаласаи кории ширкати русии ООО ОМГ "Строительно-дорожные машины" ва корхонаи ҷумҳуриявии ҶДММ "Ремспетсмаш" баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии тарафайнро дар бораи арзаи таҷҳизоти вазнин, коммуналӣ ва роҳсозии истеҳсоли Русия барои эҳтиёҷоти бахши давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон тасдиқ карданд.Дар натиҷаи гуфтушунидҳо созишномае дар бораи ифтитоҳи маркази хидматрасонии ҶДММ ОМГ СДМ дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба даст омад.Дар оянда дар назар аст, ки навъҳои техникаи русӣ дар Тоҷикистон бо тамғаи "Made in Tajikistan" бандубаст шаванд.Ширкати ОМГ СДМM шомили холдинги "United Machine-Building Group" мебошад, ки корхонаҳои машинасозии "Эксмаш", экскаватори "Твер", арсенали "Брянск", мошинҳои роҳсозии "Челябинск", ЯМДЖи-Рибинскро муттаҳид менамояд.Намудҳои асосии маҳсулоти истеҳсолшаванда экскаваторҳои чархдору тасмачарх бо навъҳои гуногун мебошанд ва дар Твер, Челябинск, Брянск, Рибинск маҷмааҳои саноатӣ ва марказҳои муҳандисӣ ҷойгиранд.
https://sputnik.tj/20210413/moshin-rusi-tojikiston-istehsol-afghoniston-furush-1038347923.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/08/1044034720_90:0:2821:2048_1920x0_80_0_0_4944ef366955bc5e501232769f520ff7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
харид техника русия тоҷикистон осон
харид техника русия тоҷикистон осон
Хариди техникаи Русия дар Тоҷикистон осонтар мешавад
09:03 09.12.2021 (Навсозишуда: 13:07 09.12.2021) Пас аз имзо шудани қарордод дар ҷиҳати арзаи таҷҳизоти русӣ ба Тоҷикистон барои таъмиру кор дар сохтмон дастрасии ҳаддиаксарии тоҷирон ба техникаи Русия фароҳам хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия Евгений Коренков ҷаласаи кории ширкати русии ООО ОМГ "Строительно-дорожные машины" ва корхонаи ҷумҳуриявии ҶДММ "Ремспетсмаш" баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии тарафайнро дар бораи арзаи таҷҳизоти вазнин, коммуналӣ ва роҳсозии истеҳсоли Русия барои эҳтиёҷоти бахши давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон тасдиқ карданд.
"Чин дар таъмини ин кишвар бо ин васоил пешсаф аст, аммо тавлидкунандагони Русия имкони рақобат дар бозори Тоҷикистонро доранд", — қайд кард Коренков дар ин нишаст.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо созишномае дар бораи ифтитоҳи маркази хидматрасонии ҶДММ ОМГ СДМ дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба даст омад.
Дар оянда дар назар аст, ки навъҳои техникаи русӣ дар Тоҷикистон бо тамғаи "Made in Tajikistan" бандубаст шаванд.
Ширкати ОМГ СДМM шомили холдинги "United Machine-Building Group" мебошад, ки корхонаҳои машинасозии "Эксмаш", экскаватори "Твер", арсенали "Брянск", мошинҳои роҳсозии "Челябинск", ЯМДЖи-Рибинскро муттаҳид менамояд.
Намудҳои асосии маҳсулоти истеҳсолшаванда экскаваторҳои чархдору тасмачарх бо навъҳои гуногун мебошанд ва дар Твер, Челябинск, Брянск, Рибинск маҷмааҳои саноатӣ ва марказҳои муҳандисӣ ҷойгиранд.