https://sputnik.tj/20210621/kashfi-oshhona-qadima-kushiniyon-tojikiston-1040339762.html
Кашфи ошхонаи қадимаи давраи Кушониён дар Тоҷикистон
Кашфи ошхонаи қадимаи давраи Кушониён дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолӣ бозёфт намудаанд, ки он аз мавҷудияти низоми обтаъминкунӣ дар ин шаҳр дарак медиҳад.
2021-06-21T16:23+0500
2021-06-21T16:23+0500
2021-06-23T12:51+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
кашф
осорхона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/25/1028322547_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_3dbadb7dfa44c2d58d64fc94659b08a4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якчанд ёдгории таърихӣ кашф гардид, хабар медиҳад Осорхонаи миллии Тоҷикистон.Бино ба иттилои манбаъ, зимни корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ анбор ва ошхонаи ҳаффоришударо кашф гардид."Аз анбор ду адад хуми ҳаҷман калон барои нигаҳдорию захира намудани донагиҳо ва маводи ғизоии ба замони Кушониён тааллуқ дошта, пайдо намуданд. Дар ҳудуи ошхона оташдонҳо кашф гардиданд, ки барои омода намудани ғизо мавриди истифода қарор мегирифтаанд", - менависад манбаъ.Аз макони зикргардида сиккаҳои мисӣ ба даст омадаанд, ки дар аверс (рӯй)-и онҳо нимрухи шоҳи Кушонӣ тасвир гардидааст. Инчунин бозёфти ороишоти аз гулмоҳии баҳрӣ омодагардида, аз ҳамкорӣ ва тиҷорат миёни мардуми ин ҳудуд ва дигар минтақаҳо гувоҳӣ медиҳанд.Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолӣ бозёфт намудаанд, ки он аз мавҷудияти низоми обтаъминкунӣ дар ин шаҳр дарак медиҳад.Ҳамчунин дар натиҷаи ин корҳои бостоншиносӣ ангуштарин, сӯзан, пайкон ва сарнайзаҳои биринҷӣ, буҷилҳо ва дигар ашёи ороишӣ бозёфт гардидаанд.Пешгирӣ аз қочоқи мероси таърихӣ дар фурудгоҳи ХуҷандЁдовар мешавем, ки роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мушовирони илмӣ аз аввали моҳи июни соли равон дар шаҳри бостонии Сайёд корҳои бостоншиносиро оғоз намуда, аз ин макон як зумра осори аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, бозёфт гардидаанд.Корҳои бостоншиносӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин ёдгорӣ идома дошта, осори бозёфт гардида, барои возеҳу равшантар намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми ин сарзамин мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20201126/hodisai-tarikhi-bozyofti-5-hazorsola-dar-Kulob-1032348843.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/25/1028322547_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_87c8c3ac517ca740a18e9bc0b42b7406.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оосрхона кашф
Кашфи ошхонаи қадимаи давраи Кушониён дар Тоҷикистон
16:23 21.06.2021 (Навсозишуда: 12:51 23.06.2021) Ҳамчунин дар натиҷаи ин корҳои бостоншиносӣ ангуштарин, сӯзан, пайкон ва сарнайзаҳои биринҷӣ, буҷилҳо ва дигар ашёи ороишӣ бозёфт гардидаанд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якчанд ёдгории таърихӣ кашф гардид, хабар медиҳад Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ анбор ва ошхонаи ҳаффоришударо кашф гардид.
"Аз анбор ду адад хуми ҳаҷман калон барои нигаҳдорию захира намудани донагиҳо ва маводи ғизоии ба замони Кушониён тааллуқ дошта, пайдо намуданд. Дар ҳудуи ошхона оташдонҳо кашф гардиданд, ки барои омода намудани ғизо мавриди истифода қарор мегирифтаанд", - менависад манбаъ.
Аз макони зикргардида сиккаҳои мисӣ ба даст омадаанд, ки дар аверс (рӯй)-и онҳо нимрухи шоҳи Кушонӣ тасвир гардидааст.
Инчунин бозёфти ороишоти аз гулмоҳии баҳрӣ омодагардида, аз ҳамкорӣ ва тиҷорат миёни мардуми ин ҳудуд ва дигар минтақаҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолӣ бозёфт намудаанд, ки он аз мавҷудияти низоми обтаъминкунӣ дар ин шаҳр дарак медиҳад.
Ҳамчунин дар натиҷаи ин корҳои бостоншиносӣ ангуштарин, сӯзан, пайкон ва сарнайзаҳои биринҷӣ, буҷилҳо ва дигар ашёи ороишӣ бозёфт гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мушовирони илмӣ аз аввали моҳи июни соли равон дар шаҳри бостонии Сайёд корҳои бостоншиносиро оғоз намуда, аз ин макон як зумра осори аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, бозёфт гардидаанд.
Корҳои бостоншиносӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин ёдгорӣ идома дошта, осори бозёфт гардида, барои возеҳу равшантар намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми ин сарзамин мусоидат менамояд.